Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
ҲОСИЛНОКӢ. Аз рўи маҳсулнокӣ лаблабуи қанд дар байни зироатҳои саҳроӣ яке аз ҷойҳои аввалинро ишғол мекунад. Дар Тоҷикистон хоҷагиҳои пешқадам ҳосили баланди лаблабуи қанд мегиранд. Ҷоизадори мукофоти давлатии Иттиҳоди Шўравӣ Лилия Максумова аз хоҷагии «Москва»-и ноҳияи Ҷиликул аз ҳар як гектар 60-70 тонна бехмеваи лаблабуи хўроки чорво гирифтааст. Ҳосилнокии лаблабуи қанд дар таҷрибаҳои (дар водии Вахш) гузаронидашудаи Пажўҳишгохи «Зироатчигӣ» ба 100 т/га расида буд. Ҳосилнокии тухмӣ 20-25 с/га-ро ташкил дод.
Дар заминҳои лалмии аз боришот таъмин аз ҳар як гектари он 150-200 с бехмеваи лаблабуи қанд гирифтан мумкин аст. Ҳосили рекордии то 2000 с/га-и ин зироатро лаблабупарварони пешқадами Қазоқистон Джантахова ва Татенова ба даст овардаанд.
Аз маълумотҳои дар боло зикршуда маълум мешавад, ки ҳосилкокии лаблабуи қанд иқтидори баланди маҳсулнокӣ дошта, дар сурати дуруст истифода бурдани усули парвариш нисбат ба нишондодҳои миёна 2-3 маротиба меафзояд.
Дар солҳои охир аз тарафи тухмипарварон навъҳои нави яктухма (якнеша)-ро рўёнда ноҳиябандӣ карданд, ки меваҳои паҳн ё мачақшуда доранд. Вазни 1000 донаш 15- 20 гр аст. Ин навъҳо аз лундачаҳо (клубиков) бо он фарқ мекунанд, ки дар вақти неш задан аз онҳо як ниҳол пайдо мешашад ва ин зарурати ягонакунии киштзорро аз байн мебарад.
Қобилияти нешзанин тухмиҳои якнеша- 84-90% аст.
НАВЪҲО. Аз рўи нишонаҳои аҳамияти хоҷагидошта навъхои лаблабуи қанд ба се гурўҳх ҷудо мешавад: серҳосил-ҳосили баланд медиҳаду миқдори қандаш миёна аст, ҳосилноки серқанд-хусусиятҳои баланди ҳосилнокӣ ва қанднокиро дорост, аз ин рў дар истеҳсолот ба таври васеъ паҳн шудаанд, серқанд -бо миқдори зиёди қандаш фарқ кунад ҳам ҳосилнокиаш паст аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё