Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Лаблабуи қанд дар хокҳои сиёҳзамин, ҳосилхези хокистарранг ва ҳам дорчинранги сохтдор (структурӣ), ки муҳити маҳлулашон бетараф (рН 7- 7,5) аст, бомуваффақият парвариш карда мешавад.
Барои парвариши лаблабу хокҳои таркиби механикиашон гилию регдор бештар мувофиқ аст. Лаблабу дар хокҳои серрегу сергили вазнин хуб намесабзад ва бад инкишоф меёбад. Дар заминҳои ботлоқӣ ҳам коштани он тавсия карда намешавад.
Лаблабуи қанд ба нуриҳо талаботи беҳад зиёд дорад. Агар аз ҳар як гектар 300-400 с бехмева ва 150-200 с барги лаблабу рўёнида шавад, дар он сурат вай аз хок тахминан 120-140 кг нитроген, 40—50 кг фосфор ва 150-200 кг калий мегирад.
Лаблабу хусусан ба фосфор эҳтиёҷ дорад. Вай ба таркиби сафедаҳо ва туршиҳои нуклеинӣ дохил мешаваду дар пайдошавии сахароза иштирок мекунад. Агар фосфор басанда набошад, дар баргҳо донҳои сиёҳи хокистарранг пайдо шуда, канорҳояш ушк мешаванд.
Нитроген сабзиши баргу решахорб метезонад. Агар нитроген кофӣ набошад, сабзиши растанӣ суст шуда, баргҳояш зард гашта, пеш аз мўҳлат нобуд мешаванд.
Калий қобилияти ба хунукӣ ва хушкӣ тобоварии растаниро меафзоёнад. Агар калий кам бошад, канорҳои барг хушк шуда, миқдори қанди бехмеваҳо паст мешавад.
Моддаҳои ғизоӣ ба растанӣ дар давоми тамоми давраи нашъунамо дохил мешаванд. Дар давраи аввали сабзиш лаблабу хусусан ба нитроген ва фосфор эхтиёҷ пайдо мекунад. Дар байни давраи нашъунамо ин талабот ба дараҷаи ҳадди ниҳоят мерасад. Растанӣ дар нимаи-дуюми на-шуънамо бештар аз чоряки ҳамаи миқдори нитроген ва калийро ҷаббида мегирад.

пешина
аз 314
навбатӣ