Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Дар ноҳияҳои водигӣ ва доманакўҳии ҷумҳурӣ лаблабуро моҳи феврал ва аввали март, дар ноҳияҳои кўҳӣ ва баландкўҳ, охири март ва аввали апрел мекоранд.
Дар минтақаҳои водигӣ ва наздикўҳии Тоҷикистон лаблабуро пеш аз зимистон низ мекоранд. Дар хоҷагии ба номи Ф. Саидови ноҳияи Бохтар мўҳлати кишти тобистонӣ (июл) ва тирамоҳии (сентябр-октябр) лаблабу натичаҳои хуб доданд.
Лаблабуро асосан бо тухмипошакҳои амиқи тамғаи ССТ-12Б, ССТ- 12А, ССТ-8А бо усули васеъҷўяк (байни қаторҳояш 45 см) ва дар шароити обӣ (60 см) мекоранд.
Дар Тоҷикистон барои кишти лаблабу чигитпошакҳоро низ истифода бурдан мумкин аст. Пеш аз ба кор шурўъ кардан, тухмипошакҳоро барои кишти лаблабу ба воситаи олотҳои чархии коранда мувофиқ мекунанд. Тухмипошаки сабзавоткории СОН-2,8А-ро ҳам истифода мебаранд.
Лаблабуи бисёртухма аз ҳисоби 20-22 кг/га ва яктухма бошад аз ҳисоби 14-15 кг/га дар чуқурии 3-5 см кошта мешавад. Тезонидани рўёнидани ҳосил ба барвақттар холӣ намудани майдонҳои кишт ва тарзи бо кучат парвариш кардани лаблабу аз аҳамият холӣ нест. Дар хокҳои вазни-не, ки боиси пайдоиши сафолаки ғафс гаштанаш мумкин аст, лаблабуро бо зироатҳои намуддор-ҷав, сулӣ ё мушунг (аз ҳисоби 3-5 кг/га) омехта коштан тавсия мешавад. Ин зироатҳо зуд сабзида қатори киштро муайян мекунанд ва ин имконият медиҳад, ки то пайдо шудани майсаҳои лаблабу нармкунии якуми рўякӣ гузаронида шавад.
НИГОҲУБИН. Нигоҳубини лаблабу гузаронидани чорабиниҳои зерини агротехникиро дар бар мегирад: то баромадани майсаҳо бо сихмолаҳои дандонадори сабук ё мотигаи ротасионӣ сихмола кардани замин, ягонакунии киштҳо дар давраи нашъунамою пайдошавии ҷуфти аввали баргҳо, ғизодиҳие, ки бо ду се нармкунӣ ва обмониҳои давраи сабзиш мувофиқат карда мешавад, мубориза бар зидди ҳашаротҳои зараррасон ва алафҳои бегона.

пешина
аз 314
навбатӣ