Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Дар истеҳсоли ҷаҳонии картошка собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ҷои аввалро (1990-5,9 млн. гектар) ишғол мекард.
Дар ҳудуди собиқ, ҷумҳуриҳои Иттифоқи Советӣ, картошка ба таври васеъ (аз он сўи қутб то ба сарҳадҳои ҷанубу шарқӣ) кошта мешуд. Ин ҳолаат аз хусусияти ёзандагии картогка шаҳодат медиҳад.
Картошка дар Россия (зиёда аз 4 млн гектар), Украина ва Белоруссия майдонҳои зиёдеро ишғол мекунад. Картошка дар Тоҷикистон зироати нисбатан нав аст. Ба коштани он аввалҳои асри XX дар Хуҷанд, Конибодом ва Истаравшан cap карданд. Сарчашмаи дуюми картошкакории Тоҷикистон ноҳияҳои минтақаи Рашт ва Помир буд. Тахмин мекунанд, ки картошка ба ноҳияҳои шимоли Тоҷикистону Ўзбекистон ва ба ноҳияхои кўҳӣ аз Чин гузаштааст. Ҳоло дар ҳамаи гўшаю канори ҷумҳурӣ картошка мекоранд. Аммо майдонҳои асосии кишти он дар ноҳияҳои водии Қаротегин, ки шароити хокию-иқлимиаш барои ин зироат мусоид аст, ҷойгир шудааст. Соли 2005 дар майдони 27,5 ҳ. гектар заминҳои обӣ картошка кошта шуда буд, ки ҳосилнокии миёнан он 197,5 с/га-ро ташкил медод. Хоҷагиҳои пешқадами ноҳияҳои Файзобод, Нуробод, Рашт, Ҷиргатол, Исфара, Истаравшан, Мастчоҳи куҳӣ ва дигар ноҳияҳои миёнакўҳу баландкўҳ аз ҳар гектар то 400 с. ва аз ин ҳам зиёд ҳосил мегирифтанд. Ҳосили баланди картошкаро аввалин шуда бригадаи Қаҳрамони меҳнати сосиалистӣ Пўлод Абдураҳмонов аз хоҷагии «Қалъаи-Дашт-2»-и (ҳозира хоҷагии ба номи Ҳамза)-и ноҳияи Файзобод (аз ҳар як гектар 400 сентнерӣ) ва звенои Нуров Ҷунайд (510 сентнерӣ) гирифта буданд. Барои рўёнидани ҳосили баланди картошка Сайли Раҳмонова аз хоҷагии «Қизилсу»-и ноҳияи Ҷиргатол ба гирифтани унвони Қаҳрамони меҳнати сосиалистӣ мушарраф гашта, Бурҳонов С. аз хоҷагии ба номи Абдулло-командири ноҳияи Ғарм ба гирифтани мукофоти Давлатии Иттиҳоди Шуравӣ сазовор гаштаанд.
Дар Помир картошкапарварон Мирзонаботов, Қушбеков ва дигарон ҳосили баландтарин (500-600 с/га) рўёнидаанд.

пешина
аз 314
навбатӣ