Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
Ҳангоми норасоии калий дар растаниҳо ҷараёни ассимилатсионӣ, синтези моддаҳои органикӣ суст гашта, растаниҳо хоб мераванд, фотосинтез халалдор мегардад, ҳосилнокӣ паст меравад.
Ба мақсади ба даст овардани натиҷаҳои дилхоҳ дар бобати баланд бардоштани ҳосилнокӣ, нуриҳоро дар асоси меъёрҳои аз ҷиҳати илмӣ асоснок ва бо таносуби дуруст, бо назардошти зироат, навъ, миқдори моддаҳои ғизоӣ дар хок ва пешинакишт меандозанд.
Дар сабзишу инкишоф ва баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо ва сифати ҳосил нуриҳои органикӣ нақши бахусус хосро мебозанд.
Тибқи маълумотҳои Институти илмӣ-тадқиқотии хоҷагии қишлоқи Федератсияи Россия, андохтани пору ҳангоми шудгор на танҳо ҳосилнокии лаблабу қанд ва таркиби қандро дар бехмева то 2% зиёд намудааст, балки он дар зироатҳои лубиёгӣ таркиби сафеда, дар зироатҳои ғалладонагӣ
- оҳарро баланд бардошта, дар картошка боиси ташаккул ёфтани лундамеваҳои нисбатан калон ба таркиби баланди оҳар гардидааст.
Талаботи зироатҳои саҳроӣ нисбат ба моддаҳои ғизоӣ вобаста ба зироат, навъ, сатҳи ҳосили ба нақшагирифташуда тағйир меёбад. Агроном бояд талаботи растаниҳоро нисбат ба нуриҳо тибқи давраҳои нашъунамои растаниҳо, таносуби оптималии NPK, чуқурии қарордошти анбуҳи решаҳои асосӣ ҳангоми нурипошӣ ва коркарди хок донад.
Меъёрҳо нисбатан баландтари нуриҳо барои зироатҳои техникӣ, бахусус азотиву калийдор тавсия карда мешавад. Дар киштзорҳои зироатҳои ғалладонагӣ меъёри пурраи нуриҳо минералӣ меандозанд.
Зироатҳои лубиёдонагӣ нисбат ба нуриҳои фосфорӣ ҳассос мебошанд. Талаботи растаниҳо нисбат ба нуриҳо дар давраи сабзиши шадиди масса, гулкунӣ ва ҳосилбандиашон зиёд мегардад. Нуриҳоро бо роҳи ба ҳисоб гирифтани ҳосилхезии хок, махсусияти навъ, пешинакишт, сатҳи ҳосили ба нақшагирифта андохтан беҳтар аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё