Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Дар ин маврид ба ҳифзи муҳити атроф, шароитҳои экологи, ба даст овардани маҳсулоти тозаи экологӣ ва риоя намудани қонунҳои зироаткорӣ- қонуни баргардонидан, баробараҳамияти ва ивазшавандагии омилҳои ҳаёт максимум, оптимум ва минимум диққат додан лозим аст.
Норасоии нуриҳо ба паст рафтани ҳосил боис гашта, дар сурати андохтани онҳо бо вояи зиёд ва таносуби нодуруст, аз ҷиҳати иқтисоди бемаврид буда, хароҷоти ҳосил бароварда намешавад.
Омили барҷаста, агрокимиёдон, академик Д.Н.Пряшников навиштааст: «Норасоии ақлро бо истифодаи нурии зиёд чуброн кардан имкон надорад. Ҳодисаи истифодаи нурӣ тибқи принсипи «ҳарқадар зиёд, ҳамон қадар беҳтар» дар замони мавҷудияти Иттиҳоди Шуравӣ, бахусус дар пахтапарвапрӣ мушоҳида мегардид ва боиси ифлос гаштани муҳити атроф гашта буд.
ҲАВО. Барои фаъолияти ҳаёти мутадили зироатҳои саҳроӣ ва микроорганизмҳои хок, аҳамияти муҳимро оксиген ва гази карбон соҳиб мебошанд. Оксиген барои ҷараёни нафаскашӣ, гази карбон барои ташакули моддаҳои органики зарур мебошанд.
Оксиген ба растаниҳо аз нешзании тухмиҳо сар карда то ба иттимо расидани давраи нашъунамо зарураст. Системаи решагии растаниҳо барои инкишофёбии муътадил мавҷудияти муносиби оксигенро дар хок тақозо менамоянд.
Дар мавриди дастрасии муътадили оксигени дар хок фаъолияти ҳастии микрорганизмҳои хок азотобактер ва бактерияҳои лўндашакл беҳтар гашта, ғунгаштани азоти биологии ҳаво зиёд мегардад.
Ҳангоми нарасидани оксиген нашъунамои растаниҳо, ба хусус дар зироатҳои дар қаторҳо парваришёбанда (ҷуворимакка, картошка, лаблабу) бад гашта, бар асари ин ҳосил кам мегардад.
Барои инкишофёбии муътадили ҷуворимакка, мавҷудияти оксиген дар ҳавои хок бояд на камтар аз 20 % бошад. Дар байни зироатҳои ғалладонагӣ шолӣ, бо системаи решагии сатҳдори ҳавобаранда, ки ба воситаи онҳо оксиген дар мавриди доимо пур кардани палҳо бо об истифода мегардад, фарқ мекунад.

пешина
аз 314
навбатӣ