Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Агар картошка баъди зироатҳои ғалладонагӣ шинонда шавад, 2-3 ҳафта пеш аз шудгори тирамоҳӣ замин ба воситаи олотҳои шиббакунандаи поязорҳо ЛДГ-5, ЛДГ-10 ковок карда мешавад. Баҳорон баробари пайдо шудани имконияти физикии хок барои коркард шудгори тирамоҳиро бо мақсади ғункунии намии хок дар самти кўндаланг сихмола мекунанд. Вобаста ба ҳолати хок, сабзиши алафҳои бегона, пеш аз коштани картошка дар чуқурии 12-14 см ба воситаи чизел, нармкунак дар якҷоягӣ бо сихмола, коркарди пешазкиштӣ гузаронида мешавад. Дар сурати сахт шудани қабати шудгор дар баҳорон замин, ба воситаи испорҳои беолоти хокчаппакунанда дар чуқурии 15 см дар якҷоягӣ бо сихмола аз сари нав шудгор карда мешавад.
Барои кишти тобистонаи картошка баъди ҷамъ овардани ҳосили зироатҳои пешпаз дарҳол майдон дар якҷоягӣ бо сихмола чуқур шудгор карда мешавад. Сипас, пеш аз коштан майдонҳои шудгоршударо бо якҷоягии сихмола дар ҳамон чуқурӣ нарм мекунанд.
НУРИҲО. Нуриҳоро барои картошка дар асоси назардошти ҳосили тарҳрезишуда аз рўи ҷаббида гирифтани NPK, ҳосилхезии хок ва инчунин дараҷаҳои истифодабарии моддаҳои ғизоӣ меандозанд. Картошка барои пайдо шудани 1 т лўндаҳо ва миқдори муттаносиби баргу поя аз хок 5-6 кг N, 1,6-2 кг Р ва 7-8 кг К-ро меҷаббад.
Дар Тоҷикистон аз рўи ҳисобҳои миёна барои парвариши картошка ба хок 20-30 т/га пору, 140-150 кг/га нитроген, 80-90 кг/га фосфор ва 40-50 кг/га калий меандозанд.
Бо тадқиқотҳои илмӣ ва таҷрибаи пешқадам муқаррар шудааст, ки поруандозӣ хусусиятҳои физикии хок - аэрасия, таркиби ғизоии онро беҳтар карда, барои пайдошавии лўндаҳо шароити мусоид пайдо мекунонад.
Дар сурати норасоии пору ва нуриҳои фосфорию калийгӣ дар чуқурчаҳо андохтани онҳо самаранок аст. Агар картошка дар шудгори юнучқапоя шинонда шавад, ба он нурии нитрогени намеандозанд ва ё кам меандозанд.

пешина
аз 314
навбатӣ