Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Аз фаъолиятнокии нафаскашии растаниҳо дар давраи нашъунамо дараҷаи аз ҷониби онҳо аз худ намудани моддаҳои ғизои аз хок ва суръати сабзишу инкишофашон вобастагӣ дорад.
Бо танзим даровардан ва тақвият бахшидани дастрасии ҳаво дар хок бо роҳи коркарди сифатнокии хок, коркарди саривақтии байни қаторҳои киштзор зироатҳои дар қаторҳо парваришёбанда, андохтани нуриҳои органикӣ, истифода бурдани киштгардон, беҳтар кардани хосияти физики хок, риоя намудани реҷаи обёрӣ, шикастани сафолаки хок ва ғайра ба даст оварда мешавад.
Муносибати растаниҳо нисбат ба реаксияи маҳлули хок ба гурўҳҳои зерин тақсим мешаванд: зироатҳое, ки ба муҳити (РН) реаксияи нейтралии РН- 7,0-7,5 (юнучқа, пахта лаблабу) мутобиқанд; зироатҳое, ки маҳлули нейтралӣ ё суст-РН-6-7-ро талаб мекунанд (гандум, ҷав, ҷуворимакка зироатҳои лўбиёгӣ); зироатҳое, ки дар мавриди муҳити туршии суст ва туршии паст-РН поёнтар аз 6, месабзанд, ба мисли ҷавдор, сулӣ, себарга, арзан.
Ба зироатҳои шўрбардор юнучқа, ҷуворӣ, алафи судонӣ, каду, тарбуз тааллуқ доранд.
Барои беҳтар намудани реаксияҳои маҳлули хок тадбирҳои мувофиқ андешида мешаванд: оҳакандозии хокҳои турш, ба кор бурдани киштгардонҳо ва ивазёбии зироатҳо, шустани хокҳои шўргашта, кандани заҳбурҳо ва ғайра.
Тамоми сол истифодабарии заминхои обёришаванда(ба даст овардани 2 хосили дон) Интихоби дурусти зироатҳо ва навъҳои онҳо, хушсифату дар мўҳлатҳои аниқшуда иҷро кардани ҳамаи чорабиниҳои агротехникӣ шартҳои асосии дар як сол гирифтани ду ҳосили дон аз заминҳои обӣ мебошад. Ғайр аз ин, бояд пас аз ғунучини ҳосили зироатҳои тирамоҳӣ дарҳол ба коркарди асосию пешазкиштӣ ва кишт дар мўҳлатҳои кўтоҳтарин пардохт.

пешина
аз 314
навбатӣ