Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
Дар майдонҳои тоза дарави якўмро (барои тухмӣ) монондан мумкин аст.
Усули парвариши юнучқаи тухмӣ аз бисёр ҷихатҳо ба парвариши он ҳамчун хўрокаи чорво монанд буда, дар баробари ин хусусиятҳои ба худ хос дорад. Кишти тухмиро дар киштгардонҳо дар қитъаҳои ҳамвор, ҳосилхезиашон миёна, муҳити бетараф дошта (рН 7-7,5), аз алафҳои бегона-зардпечак, талхак, ғумай, аҷриқ тозабуда, баъд аз пешинакиштҳои беҳтарин (пахта, ҷуворимакка, лаблабу, зироатҳои полезӣ ва ғайраҳо) 600 м дуртар аз юнучқазорҳои хўроки чорво бо мақсади паҳн нашудани касалиҳо ва ҳашаротҳои зараррасони зироатҳои хоҷагии қишлоқ ҷойгир мекунанд.
Барои кишти юнучқаи тухмӣ, тухмиҳои ба талаботи муайян (кондисиа) ҷавобгў, ба навъи якўм, репродуксияи баланд тааллуқдошта, тозагӣ ва қобилияти нешзаниашон накам аз 99-95% фоиз будае, ки бо заҳрдоруҳо (ТМТД, фентиурам) бодиққат коркард шудаанд, истифода бурда мешаванд.
Тухмиҳоро бо микронуриҳо-бор, молибден (100-150 гр дар 1 литр об) ва инчунин нитрогин (ризотрофин) омехта истифода мебаранд, то ки ҳосилнокии юнучқаи тухмӣ афзояд. Юнучқаи тухмиро аввали баҳор ё тирамоҳ, (июл-август) бо усули васеъҷўяк (45 см) ё қатории муқаррарӣ (15 см) бо риояи қатъии меъёри тухмӣ ва зичии ниҳолҳо мекоранд.
Дар киштҳои васеъҷўяк дараҷаи (коэффитсенти) афзоиши тухмиҳо то 1,5-2,0 баробар зиёд мешавад. Меъёри кишти юнучқаи тухмӣ бояд 3-4 кг/га ва зичии ниҳолҳо дар 1 м2 дар ҳудуди 150-160 растанӣ бошад.
Юнучқазорҳои тухмӣ ба нуриҳои минералӣ эҳтиёҷи калон доранд.
Пеш аз шудгор ба замин 100-120 кг фосфор, 59- 60 кг/га калий ва дар вақти кишт 15-20 кг/га фосфор пошида мешавад.
Ҳангоми нашъунамо юнучқаи киштҳои васеъҷўяк 1-2 маротиба ба воситаи нармкунакҳо дар чуқурии 6-8 см нарм карда мешавад. Вобаста ба шароити хокию-иқлимии минтақаҳо юнучқаи тухмиро дар давраи аввали сабзиш, бандӣ ва гулкунӣ бо меъёри 800-900 м3/га 2-3 бор об мемонанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё