Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Тухмиро баъди куфтан аз омехтаҳои иловагӣ тоза намуда, ба воситаи машинаҳои ОС-4,5,СМ-4, ОНВ-20А,«Пектус»,ЭМС-1, ПСС-2,5 ба навъҳо ҷудо менамоянд. Пеш аз ба анборҳо барои нигоҳдорӣ супурдан, бояд намнокии тухмиҳо аз 13 фоиз зиёд набошад.

Мавзўъ: ҚАТРАБОРОН (ЭСПАРСЕТ) (2 соат) Аҳамият ва хусусиятҳои биологӣ. Усулҳои асосии парвариши қатраборон.
Қатраборон алафи бисёрсолаи ғилофакдори серсафедаи пурқиматтарини хўроки чорво мебошад. Бедаи қатраборон дар таркибаш 10,6 фоиз протеини ҳазмшаванда, 3,2 фоиз равған, каротин, моддаҳои минералӣ - фосфор, калсий ва витаминҳои пурқиммат дорад.
Дар 100 кг бедаи қатраборон 51-53 ва баргу пояи сабзаш 18 воҳиди хўрокӣ мавҷуд аст. Қатраборон ҳамчун беда, хўрокаи сабз, орди алаф ва силос истифода бурда мешавад. Чорво хўрокаҳои аз қатраборон тайёр шударо бисёр хуб истеъмол мекунад. Фарқияти он аз юнучқа дар он аст, ки аз истеъмоли он чорво ба касалии тимпанит (дамиш) гирифтор намешавад.
Қатраборон дар қабати шудгоршавандаи хок то 7 тонн реша, 100 кг/га нитрогени биологӣ ғун карда, барои ғаллагиҳо ва дигар зироатҳо пешинакишти хуб буда, зироати беҳтарини чарогоҳию асалдеҳ аст ва онро дар Украина, Қафкози Шимолӣ, Арманистон, минтақаи марказии сиёҳхок, Қазоқистону Қирғизистон парвариш мекунанд.

пешина
аз 314
навбатӣ