Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
Мавзўъ: 3АҒИРИ РАВҒАНДИҲАНДА (2 соат ) Зағир – зироати асосии равғандиҳанда дар Тоҷикистон.
Хусусиятҳои биологӣ ва навъҳо. Усулҳои парвариши зағир дар заминҳои лалмӣ.
Дар шароити Тоҷикистон аз зироатҳои равғандор-зағир, кунҷит, офтобпараст, маъсар ва солҳои охир рапсро низ парвариш мекунанд.
зироатҳои равғандор дар соли 2005 дар майдони 34,7 ҳ.гектар кошташудаанд.
Дар байни зироатҳои равғандоре, ки дар Осиёи Миёна, аз ҷумла дар Тоҷикистон парвариш карда мешаванд, зағир зироати асосии ба таври васеъ паҳншуда буда, дар хоҷагии халқ аҳамияти бағоят калон дорад.
Тухми зағир вобаста ба навъ ва дараҷаи агротехникаи парвариш дар таркибаш 38-44 фоиз равған дорад. Аз тухми зағир рағане гирифта мешавад, ки онро халқ ҳамчун равғани озуқаворӣ истеъмол мекунад ва
дўст медорад. Равғани зағир, инчунин дар саноати лаку ранг, кимиё, собунпазӣ, истеҳсоли резина, қоғазбарорӣ, чарму пойафзол ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқ низ истифода бурда мешавад. Равғани зағирро пас аз бодиққат доғ кардан, барои таомҳои миллӣ, махсусан ош, мошкичирӣ, самбўсаҳои кадугин истифода мебаранд.
Кунҷораи зағир ба ҳисоби миёна то 30-35 фоиз сафеда, 3,0 фоиз равған, 31-32 фоиз моддаҳои бенитрогении экстративӣ дошта, барои ҳайвоноти хоҷагии қишлоқ хўрокаи серғизои (концентрированный) баландсифат ба ҳисоб меравад. Як килограмм_равғани зағир 1,2 воҳиди хўрока, хошокаш 0,27 воҳиди хўрока, 20 гр протеини ҳазмшаванда дорад. Хошокаш барои гўсфандон, махсусан қучқорҳо хўрокаи беҳтарин аст.
Зағир дар зироатчигӣ аз қадим маълум буд. Манбаъҳои қадимии паҳншавии он минтақаҳои кўҳии Ҳиндустон ва Хитой мебошанд. Онро дар Миср ва Ҳабашистон 4-5 ҳазор сол пеш аз милод мекоштанд.
Масоҳати майдонҳои кишти зағир дар чаҳон кариб 1 млн. гектарро ташкил медиҳанд. Дар Ҳиндустоп, ИМА, Чин, Афғонистон, Украина, Россия, Қазоқистон, Ўзбекистон ва дигар мамлакатҳо ба таври васеъ паҳн шудааст.
Зағир дар Тоҷикистон зироати хоси заминҳои лалмист. Онро асосан дар заминҳои лалмии аз боришот таъмини водии Ҳисор ва минтақаи Кўлоб мекоранд. Минтақаи паҳншавии он то ба баландии 2500 м аз сатҳи баҳр мерасад.
Соли 1940 зағир дар Тоҷикистон дар майдони 36 ҳазор гектар кошта шуда буд. Соли 1950 ин рақам 1,5-2 маротиба афзуд ва ҷумҳурӣ дар собиқ Иттиҳоди Шўравӣ яке аз ҷумҳуриҳои асосии зағирпарвар ба шумор мерафт. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ба пойгоҳи асосии истеҳсоли тухми зағир табдил ёфта буданд. Дар соли 2005 зағир ҳамчун зироати асосии равғандор дар майдони 23 ҳ.гектар кошта шуда буд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо