Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
Зичии беҳтарини ниҳолҳои офтобпарасти силосӣ дар заминҳои лалмии аз бориш таъмин ва дар киштҳои байни қаторашон 45 см буда, 110-120 ҳазор растанӣ дар 1 гектар буда, он имконият медиҳад, ки хўрокаи маҳини чорво истеҳсол карда шавад. Дар заминҳои лалмии аз бориш нимтаъмин бояд дар ҳар гектар 90-100 ҳазор растанӣ рўяд.
Барои тухмӣ дар 1 га заминҳои обӣ 50-60 ҳазор ва дар заминҳои лалмӣ 40-45 ҳазор растанӣ гузошта мешавад.
Ба муқобили алафҳои бегона пеш аз нармкунии пеш аз кишт истифодаи заҳрдоруҳои прометрин (2-4 кг/га), Трефлан (4-5 кг/га) ба воситаи дорупошаки ПОУ тавсия мешавад. Ба муқобили шапараки марғзори дар киштзорҳо, ба воситаи Анометрин, 50 фоиза э.к. (0,12 л/га) ё амбуш (0,25 л/га) коркард мегузаронанд.
Ба муқобили гамбўсаки бинидароз дар вақти пайдоиши ниҳолҳои офтобпараст аз хокаи таршавандаи 30 фоизаи Метафос (1 кг/га) истифода мебаранд.
Дар заминҳои обёришаванда офтобпараст бо меъёри 600-800 м2 /га дар давраи саршавии пайдоиши сабадчаҳо ва пурра гулкунию то пайдоиши тухмиҳо бо меъёри 600-800 м2 /га об мемонанд.
ҒУНУЧИНИ ҲОСИЛ. Офтобпарасти силосӣ ба воситаи комбайнҳо дар давраи пурра гулкунии сабадчаҳо ғундошта мешавад. Дар ин давра бештар ҳосили баргу пояи сабз ғундошта шуда, дар онҳо таносуби ангиштобу сафедаҳо муносиб мешаванд. Офтобпарасти тухмӣ ҳангоми 90% зард шудани сабадчаҳо ба воситаи комбайнҳои ғалладаравии СК-5 «Нива», ки бо олоти ПСП-1,5 мутобиқ карда шудаанд, даравида мешавад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо