Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
Давраи нашъунамоии зағир дар Тоҷикистон аз пайдоиши майсаҳо то пурра пухта расидани ғўзаҳо, дар киштҳои аввалибаҳорӣ 90-110 рўз ва дар киштҳои тирамоҳӣ мутобиқан дарозтар давом мекунад.
НАВЪҲО. Дар Тоҷикистон навъҳои зерини зағири равғандор ноҳиябандӣ карда шудаанд: «Ҳисории 474», «Бахмалӣ-2».
ҲИСОРИИ 474. Ин навъ дар Иттиҳодияи илмию-истеҳсолии «Зироаткор»-и ба номи А.Н.Махсумов бо усули интихоби оммавӣ аз намунаи тухми навъи маҳалии ҳисорӣ рўёнида шудааст. Ин навъ ба шакли сершохубарги хурддонаи зернамуди Евроосиёӣ мансуб аст. Соли 1990 барои парвариш дар ҳама минтақаҳои ҷумҳурӣ (ба ғайр аз ВХБК) ноҳиябандӣ кунонида шудааст. Ин нав-миёнапаз буда, давраи нашъунамояш 85-90 рўз буда, шохачаҳои хурд дорад. Тухмаш хурд, қаҳваранг ва вазни 1000 донааш 4,1-6,4 гр аст. Навъи ба хушкӣ тобовар буда, пояаш хобнорав ва барои ғунучини механиконӣ мувофиқ аст. Ҳосилнокии миёнааш дар қитъаҳои навъсанҷии ноҳияи Темурмалик то ба 10,9 с/га расидааст. Тухмаш 39,9-45,3 фоиз равған дорад. Ба касалиҳои занг ва фузариоз миёна гирифтор мешавад. Ин навъ ба шароити маҳал нағз мутобиқ шудааст.
ХУСУСИЯТҲОИ ПАРВАРИШИ 3AFИP ДАР ЗАМИНҲОИ
ЛАЛМӢ. Бо мақсади пешгирии паҳншавии касалиҳои-фузариоз, бактериоз дар замине, ки пештар зағир кошта шудааст, пеш аз 6-7 сол такроран зағир коштан тавсия намешавад. Зағир ба зироатҳои пешинакишт талаботи калон дорад. Зағир дар майдонҳои аз касалиҳои ҳашаротҳои зарар-расони зироатҳои хоҷагии қишлоқ ва аз алафҳои бегона (талхак, махсусан алафи бегонаи карантинӣ-зардпечак) тоза нағз нашъунамо мекунад. Барои зағир гандуми тирамоҳии дар заминҳои дамдодагӣ ҷойгиркардашуда, замини қабат ба қабат чапагардон кардашудаи юнунчқазор, зироатҳои лубиёгӣ (нахўд, наск), зироатҳои байни қаторашон коркардаша-ванда (ҷуворимакка) ва зироатҳои полезӣ (лаблабу) пешинакишти хубанд. Зағир дар ҳолати ба намӣ таъмин будан, барои юнучқаи соли якўм зироати хуби муҳофиз аст, зеро вай намиро кам сарф карда, ба юнучқаи зерпўш (подпокров) на он кадар таъсири манфӣ мерасонад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо