Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

КОРКАРДИ ХОК. Барои кишти баҳории зағир дар тирамоҳ майдонҳоро дар чуқурии 25-26 см бо испорҳои тамғаи ПЛИ-4-35 ва тракторҳои ДТ-75, Т-150 шудгор мекунанд. Шудгори барвақтии хушсифат ҳосилнокии зағирро 16-18 фоиз меафзоёнад. Аввали баҳор бо мурури фарорасии расиши хок майдонҳои шудгоркардашударо дар чуқурии 6-8 см дар якҷоягӣ бо сихмола (БЗТС-1) ва чизел нарм намуда, дарҳол ба кишт шурўъ мекунанд.
НУРИҲО. Зағир ба нуриҳо эҳтиёҷманд аст. Барои пайдо шудани 1 с дон ва ҳамин миқдор баргу поя зағир аз хок; 5- 7 кг N, 2-5 кг Р ва 3-5 кг калийро меҷабад. Аз ҳисоби нуриҳо дар водии Ҳисор ҳосили дони зағир 2,3-2,6 с/га зиёд шудааст. Дар Тоҷикистон одатан аз меъёрҳои зерини нурипошӣ истифода мебаранд: нитроген -50-60 кг/га, фосфор- 40-50 кг/га ва ҳангоми норасоии калий дар хок 40-46 кг/га калий.
Нуриҳои фосфорию калийгиро пеш аз шудгор ва нитрогениро 25-30 кг/га ҳангоми нармкунии пешазкиштӣ ва 20-25 кг/га-ашро дар вақти пайдошавии майсаҳо меандозанд, Вобаста ба бориш дар саҳарии барвақт додани ғизои нитрогенӣ беҳтар аст.
Мувофиқи маълумотҳои Пажўҳишгоҳи зироатҳои равғандори Россия (ҳозира РНИИМК) дар як вақт бо кишт андохтани суперфосфати ғуррўша ҳосилнокии зағирро 2-3 с/га зиёд мекунад. Киштзорҳои зағир нитрогенро асосан дар давраи аз шохабарорӣ то гулкунӣ, фосфорро-то давраи шохабарорӣ ва калийро дар давраи ғунчабандӣ истифода мебаранд. Истифодаи бор устувории растаниҳоро ба касалии бактериоз зиёд мекунад.
ТАЙЁРКУНИИ ТУХМИҲО БА КИШТ. Кишти зағир ба воситаи тухмиҳои ба талаботҳои муайян ҷавобгў ва ба навъи 1-2 мансуби тозагиашон на кам аз 90 фоиз, қобилияти нешзаниашон на кам аз 95 фоиз буда гузаронида мешавад.

пешина
аз 314
навбатӣ