Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
Аз рўи аломатҳои морфологӣ, хусусиятҳои биологӣ ва аҳамияти хоҷагиашон ин зернамудҳо дар навбати худ ба гурўҳҳои гуногуннамудӣ тақсим мешаванд.
ХУСУСИЯТҲОИ БИОЛОГӢ. Кунҷит зироати гармию равшанидўсти кўтоҳрўз буда, ба сармо тобовар нест. Барои инкишофаш дар давраи нашъунамо 2400-2600°С ҳарорати самаранокро талаб мекунад.
Тухми кунҷит ҳангоми дар чуқурии ҷойгиршавиашон будани 16-18°С гармӣ неш мезанад. Майсаҳояш баъди 3-4 рўзи коштан, дар ҳолати аз намӣ таъмин будан, намоён мешаванд. Барои инкишофи кунҷит ҳарорати мусоидтарин 26-28°С аст. Ниҳолҳои кунҷит дар аввали сабзиш суст инкишоф ёфта, фақат ду ҳафта пеш аз гулкунӣ бошиддат месабзанд.
Давраи гулкуниаш бисер кашол меёбад (то 50-60 рўз). Ғунҷаҳояш баъди 35-38 рўзи пайдоиши майсаҳо пайдо мешаванд.
Талаботи кунҷит ба намии хок дар давраи пайдоиши майсаҳо махсусан сабзиши шадид, меафзояд. Дараҷаи транспирасионат 500-600 аст.
Ҳавои хушк ба кунҷит таъсири бад мерасонад ва дар натиҷа гулҳои беҳосил пайдо мешаванд.
Давраи пурраи нашъунамои кунҷит вобаста ба навъ ва шароити парвариш 100-120 рўз давом мекунад.
Кунҷит растании худгардолудшавандаи ихтиёрӣ (факултативӣ) буда, то шукуфтани гулҳояш гардолуд мешавад. Баъзан аз гарди дигар растаниҳо гардолудшавии кунҷит низ рух медиҳад. Гулкунию пухтани кўсакҳои кунҷит аз рўи як қонуният, яъне бо тартиби муайян аз поён ба боло ба амал меояд.
Барои сабзиши кунҷит хокҳои сабуки гилхоку регхок мусоид мебошанд. Дар заминҳои лалмие, ки доманакўҳояш хокистарранги тира ва каҳвараганд, кунҷит ҳосили нағз медиҳад. Кунҷит ба хокҳои ботлоқӣ, шўр ва серсангу рўякоб тоб надорад.
ХУСУСИЯТҲОИ ПАРВАРИШИ КУНҶИТ. Дар киштгардонҳо кунҷит дар майдондои ҳосилхези аз алафҳои бегона тоза кошта мешавад.
Зироатҳои лубиёдонагӣ (нахуд, наск), гандуми тирамоҳии дар замини дамдодашудаи нуридор кошташуда, ҷуворимакка ва ғайраҳо барои кунҷит пешинакишти беҳтаринанд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо