Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Кунҷитро дар байни ҷўякҳои тарбуз низ коштан мумкин аст.
НУРИҲО. Кунҷит ба нуриҳо талаботи калон дорад. Барои парвариши он аз нуриҳои маҳаллӣ (пору) ва минералӣ васеъ истифода мебаранд.
Нуриҳоро бо назардошти ҳосилхезии хок, пешинакишт, хусусиятҳои навъӣ, аз намӣ таъмин будани хок ва ҳосилнокии кунҷит мепошанд.
Нурипошӣ бо меъёри зерин тавсия мешавад: нитроген 50-60 кг/га, фосфор-40-50 кг/га. Ҳангоми дар хок кам будани калий ба замин 30-35 кг/га калий мепошанд. Омехта истифода шудани 8-10 т/га нурии маҳаллӣ бо нуриҳои минералӣ хеле муфид аст. Дар ин ҳолат меъёри харҷи нуриҳои минералӣ қариб ду баробар кам карда мешавад. Пору, нуриҳои фосфорию калийдор пеш аз шудгор ва нитрогенро пеш аз нармкунии пешазкиштӣ, (дар давраи пайдоиши ҷуфти дуюми баргҳо) бо меъёри 20-
25 кг/га ба замин меандозанд.
КОРКАРДИ ХОК. Ҳамвор кардани сатҳи майдонҳо ва коркарди хушсифати хок имконият медиҳад, ки алафҳои бегона нест шуда, дар як вақт саросар баромадани майсаҳо таъмин гардад.
Коркарди хок барои кунҷит аз гузаронидани шудгори саривақти босифат бо испорҳои пешпочадор дар чуқурии 26-28 см иборат аст. Аввали баҳор бо фарорасии расиши хок ба воситаи нармкунаҳо муштарак бо сихмолаҳо заминро дар чуқурии 8-10 см шудгор мекунанд. Ду-се рўз пеш аз кишт дар чуқурии ҷойгиршавии тухмӣ муштарак бо нармкунаку сихмола хоки майдонҳо нарм карда мешавад. Пеш аз кишт шиббағелонкунии майдонҳо барои ба воситаи сўрохиҳои капилярӣ то минтақаи ҷойгиршавии тухмиҳо болоравии об ва саросар пайдошавии майсаҳо аҳамияти калон дорад. Кишт ба воситаи тухмии баландсифати аз тухми алафҳои бегона тоза гузаронида мешавад. Ба кишт вақте шурўь мекунанд, ки ҳарорати хок дар чуқурии 4-5 см-и замин то ба 16-170C расида бошад. Мўҳлати беҳтарини кишт даҳаи якуми май аст. Бо мақсади пешгирӣ кардани харҷи намӣ аз қабати болоии хок кишт бояд дар мўҳлатҳои кўтоҳтарин гузаронида шавад.

пешина
аз 314
навбатӣ