Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Мавзўъ: А Н Ҷ И Б А Р (4 соат) Анҷибар зироати асосии равғани эфирдиҳанда. Аҳамият ва минтақаҳои парвариши анҷибар. Хусусиятҳои биологӣ дурага ва навъҳо. Технологияи парвариши анҷибар дар гармхонаҳо ва заминҳои кушод. Хусусиятҳои ҷамъоварии ҳосили анҷибар.

Анҷибар зироати пурбаҳои эфиру равғандор буда, бо равғани эфири тезбухоршавандаи таркиби поя, барг, мева ва тухмиҳояш фарқ мекунад.
Равғани эфирии он бўи хуш дошта, дар саноати атриёт, қаннодӣ, собунпазӣ ва тиб ба таври васеъ истифода бурда мешавад.
Равғани эфирии анҷибарро аз баргу пояи сабзу ҷавони он тавассути буғкунонҷ ҷудо мекунанд.
Дар баргу пояи сабзи анҷибар вобаста ба навъҳо, агротехникаи парвариш ва вақти ғунучии аз 0,15 то 0,4 фоиз равғани зфир аст. Баргҳо ва навдаҳои ҷавон дар таркибашон зиёдтар равғани эфир доранд. Аз 1 тонна баргу пояи сабз 2-3 кг равғани эфир гирифта мешавад. Ба мурури пиршавӣ ва фарорасии хунукиҳои тирамоҳӣ миқдори равғани эфир дар таркиби онҳо кам мешавад. Аз ин рў анҷибар бояд дар мўҳлатҳои тавсияшуда, сари вакт даравида шавад.
Равғани эфир, равғани осоншоранда, шаффоф ва сабзчатоб буда, 70 фоиз спирт (аз он ҷумла 50-55 фоиз ситронинол, 7-8 фоиз ментол) дорад.
Ситронинол равғанро хушсифату хушбўй мекунад. Ментол бошад, ба сифати равған таъсири бад мерасонад.
Анҷибар зироати нисбатан ҷавон аст. Онро бори якўм дар Абхазистон дар солҳои 1926-1928 парвариш кардаанд. Дар айни замон анҷибар дар Гурҷистон, Тоҷикистон ва Арманистон парвариш мешавад. Дар ин ҷумҳуриҳо масоҳати кишти он ба 2,6 ҳ./га мерасад.
Дар Тоҷикистон анҷибар бори аввал (соли 1934) дар водии Ҳисор парвариш шуда, соли 1941 масоҳати майдонҳои саноатии анҷибар ба 726 гектар (ҷадвали 16) расонида шудааст.

пешина
аз 314
навбатӣ