Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
Навъҳо: Тоҷикӣ-15, Грузинский маҳаллӣ, Ю Краснодарӣ-13-ро баъди гандуми тирамоҳӣ, ҷуворимакка, кунҷит ва заминҳои дамдодашуда коштан мумкин аст.
Барои ба вуҷуд омадани 1с ғилофак ва ҳамин миқдор баргу поя он 6,2 кгN, 1,1кг Р, 4кг К2О лозим аст. Ба киштзори чормағзи заминӣ 10- 15т/га пору, 10-50кг Р, ва 20-30 кг К2О дохил намудан ҳосили дилхоҳ медиҳад. Ҳангоми додани ғизо (NР-10кг/га) пеш аз кишт ва ҳамин миқдор дар аввали гулкунӣ самараи хуб медиҳад.
Коркарди хок. Шудгори тирамоҳӣ дар чуқурии 25-30см, сихмола пеш аз кишт дар чуқурии 8-10см ва 2-3 маротиба нармкунӣ дар чуқурии 6-8см гузаронидан лозим аст.
Тухмиро пеш аз кишт бо перепарати ТМТД-80 % (600 ц/га), нитрогин (200г бо меъёри 1га тухмӣ) коркард кардан лозим аст. Чормағзи заминӣ тавасути ғилофак ичунин бо дон кишт карда мешавад. Бо тухмпошаки пахта байни қатораҳо дар заминҳои оби 70 см х (10-15 см) ва дар заминҳои лалмӣ ( 70 см) х (20-30 см) меъёри тухмӣ дон 50-80 кг/га бо ғилофак 25% (70-100 кг) зиёд кишт карда мешавад. Зичии ниҳолҳо 100- 120 ҳаз/га ҳангоми 14-15 0С гарм шудани ҳаво дар чуқурии 10 см кишт гузаронида мешавад.
Нигоҳубин. Сихмола то сабзидан, 3-4 маротиба нармкунии байни ҷуякҳо ( 6-8 см), 1-2 маротиба ба гирди зироат кашидани хок дар давраи пайдоиши навдаҳои мевадиҳанда ҳосил шудан ва 5-6 маротиба обмони иборат аст. Обмониро ҳангоми пухтарасии ғилофакҳо манд мекунад.
Аломатҳои пухтараси. Пуррашудани ғилофакҳо, зард гаштанӣ растани, нағз ҷудо шудани ғилофакҳо аз навдаҳои зеризамиӣ ва овоз пайдонамудани дон дар дохили ғилофак. Ҷамоварӣ чормағзи заминӣ аз 2 марҳила иборат аст: Аввал бо мошинаи АП-70 (Арахиса уборичный прицеп) ҷамъоварӣ намуда, баъди 3-5 рўз ҳангоми намноки то 20-25 % паст шудан бо комбайни СК-5 ва агрегати МА-1,5 ғилофакро аз растанӣ ҷудо мекунанд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо