Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Анҷибар растании бисёрсолаи нимбуттагӣ буда, ба оилаи анҷибариҳо (пеларгониум) мансуб аст. 320 намуди анҷибар дар ватанашон-Америкаи Ҷанубӣ месабзанд.
Дар Тоҷикистон асосан шаклҳои дурагаи анҷибар парвариш карда мешаванд, ки дар таркибашон равғани эфирӣ зиёд доранд.
Пояи анҷибар мўяку шохаҳои бисёр дошта, ростқад аст ва баъди буридан зуд месабзад. Қадди буттаи анҷибар 80-90 см буда, вазни баргу пояи як буттаи он то 2,5-3 кг аст.
Барги анҷибар ангуштшакл буда, бо мўякҳои оддӣ ва ғадуди пўшида шудааст. Мўякҳои ғадудӣ аз худ равғани эфир ҷудо мекунанд.
Гули анҷибар гулобӣ буда, одатан аз 8-12-то мисли соябон ғунча ҷойгиранд.
Силсилаи решагиаш тиррешаи нағз инкишофёфта буда, то 1,5-2 м ва аз он чуқуртар зери хок меравад. Баъзе намудҳои он ҳамчун растании ороишӣ (декоративный) дар хонаҳо ва гулхонаҳо парвариш карда мешаванд.
ХУСУСИЯТҲОИ БИОЛОГӢ. Анҷибар зироати тропикӣ ва субтропикии иқлими мулоим мебошад. Вай дар шароитҳои субтропикии хушк низ нағз месабзад.
Агар дар давраи нашъунамои он ҷамъи ҳарорати фаъол 3500-4000°С ва бесармоӣ 200-220 рўз давом кунад, анҷибар ҳосили зиёд ва устувор медиҳад.
Водии Вахш бо гармию рўшноӣ фаровон, бо рўзҳои бесармои бардавом (230-256 рўз) барои парвариши анҷибар мусоид мебошад. Анҷибар дар водии Ҳисор (Регар) низ нағз нашъунамо мекунад.
Анҷибар растании рўшноӣ ва гармидўст буда, ба ҳарорати аз 2-3°С хунук тоб намеоварад. Бинобар он, дар водии Вахш ҳамчун зироати яксола парвариш карда мешавад. Вай барои ғун кардани равғани хушсифат нурпошии (инсолясия) шадиди офтобро талаб мекунад. Дар давраи нашъунамо барои анҷибар ҳарорати 28-30°С мусоид аст.

пешина
аз 314
навбатӣ