Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Анҷибар ба хок, нуриҳо ва об талаботи зиёд дорад. Вай ба хели растаниҳои ба хушкӣ тобовар мансуб аст. Дараҷаи трансипрасиониаш 700 аст. Дар давраи сабзиши шадиду ғуншавии баргу поя бояд дар қабати паҳншавии решаҳояш намӣ 70 фоиз аз НК бошад.
Анҷибар дар хокҳои аз моддаҳои ғизоӣ бойи регхоки сабуке, ки муҳити нейтралӣ) ё ишқории (рН-6-7) паст доранд, нағз месабзад. Барои он хокҳои турш, ботлоқӣ, ки рўякобанд ва обҳои зеризаминиашон наздик (камтар аз 70-80 см) ношоям мебошанд. Давраи нашъунамояш 145- 155 рўз аст.
НАВЪҲО. Дар стансияи минтақавии зироатҳои эфиру равғандори Пахтаобод дурагаҳое рўёнида шудаанд, ки аз рўи равғаннокӣ аз анҷибари гулобӣ 2-3 баробар бартарӣ доранд. Дар Тоҷикистон дурагаи «Регар»-и анҷибар ноҳиябандӣ карда шудааст.
«РЕГАР». Ин дурага бо усули дурагакунии навъи № 15 ва гулобии К 108-2 рўёнида шудааст. Муаллифонаш Крачковская Л.П. ва Ермилова А.
М. мебошанд. Ин дурага ҷамъ-бутта (ихчам) буда, баландиаш 75-80 см аст. Баргҳои сабзранги равшани дукарата буридашуда дорад. Баргнокиаш 60 фоиз аст. Ҳосилнокии миёнааш дар тулии панҷ сол дар Колхозобод 250-300 с/га, дар Турсунзода 80-100 с/га-ро ташкил додааст. Дар таркиби баргу пояи сабзи он ба ҳисоби миёна 0,474- 0,498 фоиз равған мавҷуд аст, ки ин нисбат ба навъи гулобӣ 0,321-0,317 фоиз зиёдтар мебошад. Давраи нашъунамояш 182 рўз аст. Баҳои сифати атриётиаш 3,9 хол аст. Дар соли 1983 ноҳиябандӣ кунонида шудааст (ҷадвали 17).

  1. Баҳои муқоисавии нишондодҳои пурқиммати хоҷагиҳои
    анҷибарпарварӣ (Маълумотҳои стансияи давлатии
    субтропикии Колхозобод, В. X. Гресингер,
    Л. С.Лоран, 1979)

Навъҳо Ҳосили Бароиши Ҷамъова-Фарқият Миқдор бо Миқдори
баргу равғани рии аз навъи фоиз туршӣ
пояи эфирӣ равған стандартӣ, Ситро-ментол
сабз,т/га кг/га кг ноил
Гулобӣ 71,2 0,184 126,0 -30,1 38,78 8,40 2,84

пешина
аз 314
навбатӣ