Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Нуриҳои нитрогенӣ вазни баргу пояи анҷибарро зиёд, фосфори дар таркиби қисмҳои ҳучайра-протоплазма дохил шуда миқдори равғанро зиёд мекунанд.
ШИНОНИДАНИ НИҲОЛҲО. Қаламчаҳои анҷибар одатан мувофиқи нақшаи 60X45 см, 60X30 см (яктогӣ) аз рўи ҳисоби 40-50 ҳазор ниҳол дар 1 га шинонда мешаванд.
Зичии ниҳолҳои навъи анҷибари Гулобиро кам (20-30 ҳазор/га) мекунанд. Зеро буттаи он калон аст. Дар қитъаҳои аз рўи релеф ҳамвор кўчатҳои анҷибарро ба воситаи мошинаҳои кўчатшинон мешинонанд.
Ниҳолҳо дар майдони пешакӣ ҷўяккашидашуда дастӣ низ шинонда мешавад.
Пеш аз шинонидан дар ниҳолҳо танҳо як барги болоиашро боқӣ мемонанд ва решаҳоро то 6 см кўтоҳ карда, дар маҳлули саргини гов тар мекунанд.
Тар кардани ниҳолҳо пеш аз шинонидан дар маҳлули гетироауксин имконият медиҳад, ки решаҳо тез пайдо шаванд.
Ба шинонидани нихолҳои анҷибар вақте cap мекунанд, ки хок дар чуқурии 10-12 см 10-12°С гарм шуда бошад.
Мўҳлати шинонидани анҷибар дар ноҳияи Қумсангир-нимаи дуюми моҳи март ва дар Турсунзода - аввали апрел мебошад.
НИГОҲУБИН. Баъди шинонидани нихолҳои анҷибар дарҳол ба ҷўякҳои пешакӣ кашидашуда об мемонанд. Ба қаламчаҳо то реша бастан 3-4 рўз 2-3 маротиба бо меъёри 300-400 мг/га об мемонанд. Ду ҳафта пас аз қаламчашинонӣ ба ҷои ниҳолҳои хушкшуда навашро мешинонанд.
Дар давраи нашъунамо байни қаторҳои анҷибарзор 4-5 маротиба дар чуқурии 12-14 см нарм карда мешавад. Ин коркардҳо бо ғизодиҳӣ ва кашидани ҷўякҳо мутобиқкунонида шуда, алафҳои бегонаи қаторҳо дастӣ хишова мешаванд.
ОБМОНӢ. Дар ноҳияи Турсунзода ба анҷибарзор 8-10 ва дар ноҳияи Қумсангир 10-12 маротиба дар фосилаи 10-12 рўзи ҳар обмонӣ аз рўи меъёри 700-800 м3/га об монда, намии хок дар ҳудуди 75 фоиз аз НК нигоҳ дошта мешавад.

пешина
аз 314
навбатӣ