Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
Ба анҷибарзорҳо бо усули шакарнам шабона (на беш аз як шабонарўз) об мондан лозим аст. Дар анҷибарзорҳо 8-10 рўз пеш аз ҷамьоварии ҳосил обмонӣ бояд қатъ гардад.
Аз ҳад зиёд намнок кардани хок барои паҳншавии касалии сияҳпоя (черная ножка), ки буттаҳо пажмурда гашта хушк мешаванд, мусоидат мекунад ва нарм кардани хоку чуқур (10-12 см) кашидани ҷўякҳо касалии растаниҳоро кам мекунад.
Обмониҳо, коркарди байни қаторҳо ва ғизодиҳӣ дар маҷмўъ сари вақт иҷро карда мешаванд.
Бар зидди алафҳои бегонаи яксолаи ғаллагӣ ва дупаллагӣ дар майдонҳо то шинонидани ниҳолҳо заҳрдоруҳои зерин пошида мешаванд:
котофор (2,5-5 кг/га), нитран (5-6 л/га, дарҳол бояд зери хок карда шавад), пахтон (2,5- 5 кг/га), дигермин (6-8 л/га). Пас аз ягонакунии анҷибарзорҳо ба муқобили алафҳои бегонаи дупаллагӣ заҳрдоруи блазер- 3,1 л/га ва барои нест кардани алафҳои бегонаи яксолаи ғаллагӣ аз заҳрдоруи зеллек - 4,2 л/га истифода мебаранд.
Дар давраи нашъунамо ба анҷибарзорҳо 4-5 маротиба бо меъёри 40-
50 кг/га нитроген, 15-20 кг/га Р2О5, дар мўҳлатҳои зерин ғизо медиҳанд:
1-баъди 15-20 рўзи шинонидани нихолҳои анҷибар, 2-мобайни моҳи июн,
3 -аввали моҳи июл ва 4 -дар охири мохи июл. Дар ғизодиҳиҳо баъзан 1,5-2 с/га пору бо нуриҳои минералӣ омехта карда мешавад. Ғизои панҷум баъди аввалин бор ғундоштани баргу пояи сабз дар моҳи август дода мешавад.
Дар Тоҷикистон ба анҷибарзорҳо-ҳашаротҳои заррарсони хоҷагии қишлоқ-ширинчаҳо, кирми ғўза, тортанакканаҳо зарар мерасонанд. Ба муқобили онҳо аз заҳрдоруҳои кимиёвӣ истифода мебаранд. Ба муқобили тортанакканаҳои анҷибарзбрҳо бо сулфур ва зидди кирми ғўза бо руми парижи (парижская зелень) коркард мегузаронанд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо