Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
Мавзўъ: ТАМОКУ (2 соат)
Аҳамият, паҳншавӣ ва ҳосилнокӣ. Хусусиятҳои биологӣ ва навъҳо. Усулҳои парвариши тамоку дар шароити Тоҷикистон.
Тамоку асосан барои баргҳояш, ки ҳамчун ашёи хом дар тайёр намудани маҳсулоти тамокугӣ (папирос, сигаретҳо, сигор ва ғ.) истифода мешавад, парвариш мешавад. Баргҳои хушки тамоку (барги ферментатсия) дар таркибашон 1,3 фоиз никотин, 5-15 фоиз ангиштобҳо ва равғанҳои зфирӣ доранд, ки тамокуро хушсифату хушбўй мекунанд.
Никотин моддаи заҳрнок буда, зарари он барои тамокукашон айён аст. Дуди тамоку на танҳо ба тамокукаш, балки ба атрофиён низ зарарнок аст. Тадқиқотҳое, ки дар ИМА аз тарафи олимони Донишгоҳи Калифорния гузаронида шудаанд, нишон доданд, ки саломатии ҳамсарони шахсони тамокукаш ба хатари ҷиддӣ гирифторанд. Ҳамсарони шахсоне, ки аз хад зиёд тамоку мекашанд, нисбат ба ҳамсарони ашхоси тамокунакаш 3 баробар бештар ба касалии сактаи дил (инфаркт) гирифтор мешаванд. Ба ин нигоҳ накарда, то ҳол муяссар нашудааст, ки зарари марговари тамокуро аксарияти тамокукашон фаҳмида бошанд. Бинобар ҳамин ҳам аз ҷониби олимон ҷустуҷўи роҳҳои истифодаи тамоку дар дигар со-ҳаҳои хоҷагии халқ, шоистаи таҳсин аст.
Ба фирмаи «Лифт пратин» (ИМА) муяссар шудааст, ки аз баргҳои тамоку то 3,2 т/га сафедаи озуқаворӣ гиранд. Дар шаҳри Рейли- (Каролинаи Шимолӣ) аз баргу пояи сабзи тамоку ба гирифтапи сафеда cap кардаанд. Аз боқимондаҳои коркарди тамоку моддаҳое истеҳсол мешавад, ки дар саноати дорутайёркунй (фармакология) истифода мебаранд. Аз дигар бокимондаҳо сигаретҳои камзарар тайёр мекунанд. Ин хели сигаретҳо сафедаи кам дошта, ҳангоми чокидан камдуданд.
Фирмаи «Биосорс генетикс корпорейшон» (Калифорнияи ИМА) усули аз барги тамоку тайёр кардани доруеро барои табобати касалии саратон кор карда баромадааст. Ин, фирма аз баргҳои тамоку доруҳои ҳархела низ истехсол мекунад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо