Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Америкаи Ҷанубӣ ватани тамоку аст. Тухми онро дар охири асри XVII ба Аврупо овардаанд. Ба парвариши тамоку дар Россия аз асри XVIII cap кардаанд.
Дар масоҳати қариб 4 млн. га-дар ҷаҳон тамоку кошта мешавад. Онро дар ИМА, Хитой, Ҳиндустон, Россия, Молдавия, Украина, Осиёи Марказӣ, Қазоқистон, Гурҷистон, Арманистон, Озорбойҷон парвариш мекунанд. Дар Тоҷикистон тамокупарварӣ дар соли 1931 cap шуда дар солҳои 1960 инкишоф ёфтааст.
Тамоку дар заминҳои обии Тоҷикистон парвариш карда мешавад ва зиёда аз 60 фоиз масоҳати коштаи он ба вилояти Суғд, махсусан дар ноҳияи Панҷакент ҷойгир кунонида шудааст. Тамокуро дар ВХБК ва ноҳияҳои минтақаи Рашт низ парвариш мекунанд. Шароити хокию иқлимии ноҳияҳои тамокупарварии ҷумҳурӣ барои парваришу ба даст овардани ашёи хушсифати атрӣ мусоид аст.
ҲОСИЛНОКӢ. Мувофиқи нишондоди ҷадвали 18 ҳосилнокии тамоку дар соли 1993 ба дараҷаи соли 1970 буд. Ҳосилнокии тамоку дар вилояти Суғд дар солҳои осоишта то ба 34-35 с/га расида, хоҷагиҳо ва бригадаҳои пешқадами ноҳияи Панҷакент ҳосили баланди барги тамоку мегиранд.
Масалан, дар соли 1984 тамокупарварони хоҷагии ба номи К.Маркс аз ҳар гектар 50 с ашёи хом гирифтанд, ки 72 фоиз он ба навъҳои якум ва дуюм мансуб буданд. Дар бригадаҳои А.Бобоев, Р.Тиллоев, Шодиев аз хоҷагии мазкур ҳосилнокӣ то ба 72 с/га расидааст. Аз маълумотҳои овардашуда маълум мешавад, ки масоҳати кишти тамоку ва ҳосилнокии он нисбат ба соли 1992 кам шудаанд.
ХУСУСИЯТҲОИ БИОЛОГӢ. Тамоку растании рўшноию гармидўсти иқлими тропикӣ аст. Тухми он дар ҳарорати 10-120С баъди 10-рўзи коштан неш мезанад. Барои сабзиш ва инкишофи тамоку ҳарорати 26- 28°С гармӣ ҳарорати беҳтарин ва то 32-35°С ҳадди ниҳоят мебошад.
Ҳарорати аз 35°С баланд ба ҷараёни ҳаётии растанӣ таъсири бад мерасонад. Ҳарорати сармоӣ – 2-3°С барои тамоку хатарнок аст.

пешина
аз 314
навбатӣ