Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан
  1. Масоҳати майдонҳо ва ҳосилнокии тамоку дар Тоҷикистон

С о л ҳ о Масоҳати кишт, га Ҳосилнокӣ с/га
1970 3435 23,1
1991 4232 26,2
1992 4695 20,5
1993 4328 23,4
1995 3377 -
1996 244 -
2005 1178 18,8

Дар истеҳсолот асосан растаниҳои дарозрўз паҳн шуда бошанд ҳам, бо растаниҳои кутоҳрўз низ вохўрдан мумкин аст. Кишти зичи растаниҳо ва сояафкани инкишофи растаниро суст карда, сифати молии баргҳоро паст мекунад.
Тамоку дар давраи шинонидани кўчатҳо то ғунчабандӣ ба намӣ эҳтиёҷи калон дорад. Камии намӣ сабзиши растаниҳоро суст карда, боиси пайдошавии баргҳои майда мегардад ва сифати ҳосили тамокуро паст мекунад. Намнокии аз ҳад зиёд бўи муаттари ашёи хом ва миқдори равғани эфирро кам карда, давраи пухта расидани баргҳоро дароз мекунад. Дараҷаи транспирасионии тамоку 500-600 аст.
Дар хокҳои гуногун тамоку парваридан мумкин аст, аммо он дар хокҳои таркиби механикиашон сабуке, ки дар таркибашон 2-2,5 фоиз моддаҳои органикӣ (гумус) доранд ва муҳити маҳлулашон -РН-6-7,5 аст, нағз нашъунамо мекунад.
Тамокупарварӣ асосан дар минтақаҳои хокҳои хокистарранг, қаҳвараги сафеди карбонатдор ва қаҳваранги сафеди кўҳии Тоҷикистон ҷойгир шудааст. Дар хокҳои ботлоқию шўр тамоку парвариш намекунанд.
Тамоку растании худ гардолудшаванда аст. Давраи нашъунамояш аз давраи шинондани ниҳолҳо (кўчатҳо) то пухта расидани баргҳои нўги растанӣ 130-150 рўз давом мекунад. Инкишофи тамоку ду давра дорад:
давраи шаклгирии кўчатҳо, ниҳолҳо (пайдошавии 5-6 барг) ва давраи баъди шинондан дар майдонҳои кушод. Сабзиши шадиди тамоку то давраи пайдоиши ғунчаҳо мушоҳида мешавад.

пешина
аз 314
навбатӣ