Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
ХУСУСИЯТИ ПАРВАРИШИ КЎЧАТҲ0 (НИҲОЛҲО). Кўчатҳои тамоку дар гармхонаҳо, зери қишҳо (пленкаҳо) ва дар наздикии манбаъҳои об парвариш карда мешавад. Бо мақсади пешгирии паҳншавию -сирояти касалиҳо ва ҳашаротҳои зараррасон кўчатҳои тамоку дур аз ҷои шинондану хушконидан, дар қитъаҳои ҳамвор, нишобиҳои ҷанубӣ ва дар хокҳои сабуку нағзобу аз моддаҳои ғизоӣ бой ва аз алафҳои бегона тоза парвариш карда мешавад. Омехтаи ғизоӣ барои гармхонаҳо дар таносубҳои баробар аз хок, поруи пўсида ва рег аз ҳисоби 0,1 м3 тайёр кардан лозим аст.
Барои таъмин намудани 1 гектар кучати тамокузор гармхона бояд, 60-
65 м2 масоҳат дошта бошад.
Барои нобуд кардани барангезандагони касалиҳои пўсиш ва тухми алафҳои бегона дар моҳи август-сентябр омехтаи ғизоии парваришхонаҳоро (парникҳоро) ба воситаи карботии ё тиазон-200 г/м2 дар 10 л об заҳ-ролуд мекунанд. Ба муқобили решахўрҳо ва бемории пўсиши поя ба хоки парваришхонаҳо метилли бромдорӣ 98,5 фоиз, бо меъёри 60 г/м2 андохта мешавад.
Як-ду рўз пеш аз кишт барои нест кардани |барангезандагони касалиҳои пўсиш, фузариоз, аскохитоз тухмиҳоро дар маҳлули 40 фоизаи формалин бо консентрасияи 0,2 фоиз ба муддати 10 дақиқа тар карда, баъд 10-15 дақиқа дар оби равон шуста, мехушконанд.
Тухмиҳоро барои тез сабзидан як шабонарўз пеш аз кишт ба халтачаҳо андохта, дар оби 14-16°С гарм нигоҳ медоранд. Барои кўчатгирӣ баъди коштани тухмӣ 45-50 рўз зарур аст. Тухмиҳоро дар гармхонаҳо нимаи аввали моҳи март бо фосилаи 3-4 рўз (бо мақсади кам кардани шиддати кўчатшинонӣ дар майдони кушод ҳангоми чиндани баргҳо мекоранд. Баромади кўчатхо дар 1 м2 -1,8-2,0 ҳазор адад аст.
Ҳангоми шинонидани тухмиҳо ба омехтаи ғизоӣ 3-6 г/м2 -нитроген, 8-10 г/м2 фосфор, 4-5 г/м2 калий ҳамроҳ мекунанд. Тухмӣ бо меъёри 0,4-0,6 г/м2 кошта мешавад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо