Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Пеш аз коштан омехтаи ғизоӣ дар чуқурии 6-8 см намнок карда мешавад. Ба рўи тухмиҳои кошташуда поруи пўсида (3-4 см) пошида, қитъаро намнок мекунанд. Барои саросар пайдошавии майсаҳо бояд ҳарорати парваришхонаҳо (парникҳо дар ҳудуди 20-26°С ва баъди пайдоиши онҳо 18- 24°С нигоҳ дошта шавад. Нигоҳубини кўчатҳо аз нигоҳ доштани ҳарорат ва намнокии мўътадил (75-80 фоиз) аз НК дар чуқурии 8-10 см хок), хишоваи алафҳои бегона, мубориза бар зидди касалиҳо на ҳашаротҳои зараррасони хоҷагии қишлоқ ва ғизодиҳӣиборат аст.
Ба кўчатҳо тавассути нуриҳои минералӣ ва органикии талқоншуда 2-3 маротиба ғизо медиҳанд. 8-10 рўз пеш аз кўчатгирӣ миқдори обмониҳо кам карда мешавад.
Кўчатҳо пеш аз дар майдонҳои кушод шинонидан бояд решаи нағзинкишофёфта, пояи мустаҳкам, 14 см қад_ва 5-6 барг дошта бошанд.
Ду-се соат пеш аз кўчонидан кўчатҳоро сероб мекунанд.
УСУЛИ ПАРВАРИШ. Тамоку ба зироатҳои пешинакишт талаботи калон дорад. Бо мақсади пешгирӣ кардани роҳи паҳншавии алафи бегонаи муфтхўри гули харбуза, касалиҳо ва ҳашаротҳои зараррасони хоҷагии қишлоқ, тавсия мешавад, ки тамоку дар як майдон зиёда аз 2-сол парвариш карда нашавад.
Барои тамоку юнучқа, зироатҳои лўбиёдонагӣ, ғаллагиҳои тирамоҳии хўшадор пешинакишти беҳтаринанд. Дар киштгардон парвариши тамоку баъди офтобпараст ва зироатҳои полезӣ тавсия намешавад, зеро дар киштзори ин зироатҳо муфтхури гули харбуза мерўяд.
КОРКАРДИ ХОК. Барои коштани тамоку баъди зироатҳои ғаллагӣ, 10-15 рўз пеш аз шудгори тирамоҳӣ поязори онҳо дар чуқурии 6-8 см мухашшар карда мешавад. Сипас, баъди баробар сабзидани тухми алафҳои бегона майдон дар чуқурии 30-45 см шудгор карда мешавад. Ҳангоми баъди юнучқа парваридани тамоку бояд аввал қабати юнучқазор ба воситаи олотҳои вазнини чархдор дар чуқурии 12-14 см нарм карда шавад.
Баъди 12-15 рўз ба воситаи испорҳои пешпочадор дар чуқурии 30-35 шудгор гузаронида мешавад.

пешина
аз 314
навбатӣ