Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
Паттаҳоро (навдахои паҳлуӣ) ба воситаи асбобҳои тез мебуранд, ё бо усули кимиёвӣ нобуд мекунанд. Роҳ додан мумкин нест, ки онҳо аз 6-8 см зиёд қад кашанд. Бо усули кимиёвӣ нест кардани паттаҳо тавассути танзимкунандаи сабзиши растаниҳо МГ-натри (1,6-2,5 кг/га) гузаронида мешавад. Ин амал бо роҳи пошидани маҳлули мазкур дар киштзорҳои тамоку сурат меёбад.
Ба муқобили касалиҳо, ҳашаротҳои зараррасони хоҷагии қишлоқ аз маҷмўи чорабиниҳои пешгирикунанда, агротехникӣ ва кимиёвӣ истифода мебаранд.
Парвариши тамоку дар киштгардон, безараркунии ҳатмии омехтаи ғизоӣ дар парнику гармхонаҳо, мубориза бар зидди алафҳои бегона, татбиқи навъҳои ба касалиҳо устувор яке аз чорабиниҳои асосии агротехникианд.
Ба муқобили кирми тирамоҳӣ ва риштакирмҳо (проволочники) ду ҳафта пеш аз дар майдонҳои кушод шинондани кўчатҳо ба хок БИ-58 (1 кг/га) пошида мешавад. Бар зидди кирми ғўза дар давраи нашъунамо анометрин 25 фоиз э. к. (0,4 л/га) ва бар зидди ширинчаҳо Ангеллик, 50 фоиза э. к. (1,2-1,6 л/га) истифода бурда мешаванд.
Ба муқобили касалии гард дар тамокузорҳо маҳлули дар об ҷўшонидашудаи 0,5-1 фоизаи ИСО-ро истифода мебаранд.
Аз доруҳои биологӣ ба муқобили касалиҳои пўсиш, пажмурдашавии фузариозӣ ва вертисилюлозӣ истифодаи триходермин тавсия мешавад.
ҒУНУЧИНИ ҲОСИЛ. Баргҳои тамоку дар як вақт баробар пухта намерасанд. Пухтани баргҳо аз қисми поёнии растанӣ cap шуда, 40-45 рўз давом мекунад. Баргҳоро бо мурури пухта расидани сифати тухникии он дастӣ қабат-қабат шикаста мегундоранд. Баъди ғундоштани баргҳои поёнӣ (2-3 маротиба шикаста гирифтани баргҳо) растаниҳоро бутун гирифтан мумкин аст. Баргҳои пухта расида равшан, қисми болоӣ ва гўшаҳояш зарду нозук буда, ба осонӣ аз растанӣ ҷудо мешаванд.
Баргҳои ғундошташударо бандча-бандча дар сабатҳо гузошта, дар анборҳо дастӣ ё ба воситаи мошинаи ТПМ-69МА дар канаб мегузаронанд.
Дар марҳилаи аввал баргҳоро дар соя (дар ҳарорати 25- 30°С) мехушконанд (топление). Баъд онҳоро оҳиста-оҳиста ба офтоб бароварда, то пурра зард шудапу гирифтани намии муқаррарии зарур мехушконанд.
Баъди хушконидан онҳоро мувофиқт талаботи меъёрҳои давлатӣ ба навъ ҷудо карда, даст-даста ё дар шакли той ба нуқтаҳои маҳсулоттайёркунӣ мефиристанд.
Дар хоҷагиҳои калони тамокупарварӣ ҷараёнҳои ба навъҳо ҷудо кардан, тойбандии баргҳо тавассути хатҳои (линия) махсуси ба навъҳо ҷудокунанда - печонанда гузаронида мешавад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо