Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
Навъҳои майдабарг аз ҳисоби 150-200 ҳ/га, миёнабарг – ПО-130 ҳ/га ниҳол шинондан лозим аст. Дар заминҳои ҳосилхез ва минтақаҳои хушиқлим зичии растаниҳоро зиёд мекунанд. Дар Тоҷикистон тамоку аз рўи нақшаи 60X12, 60X15 ё 70X13 см бо зичии аз 100 то 120-130 ҳ/га ниҳол парвариш карда мешавад. Дар хокҳои сершағалу сангрезадор зичии ниҳолҳоро зиёд мекунанд.
Кўчатҳо ба воситаи мошинаҳои овезаи кўчатшинонии СКН-6, СКН- 6М ва ё дар сурати мавҷуд набудани онҳо дастӣ шинонда мешаванд. Бо мурури шинонидан, дар қаторҳои шинондашуда бо меъёри 70-100 м3/га об мемонанд. Бо мақсади ба даст даровардани зичии ниҳолҳои тарҳрезишуда баъди 3-4 рўз нихолҳои хушкшударо иваз мекунанд.
НИГОҲУБИН. Тамоку ба нигоҳубини сарвақти хушсифат эҳтиёҷ дорад. Дар давраи нашъунамо байни қаторҳои тамоку ба воситаи нармкунакҳо нарм карда мешавад. Ин коркардҳо бо ғизодиҳӣ ва кашидани ҷўякҳои обмонӣ мутобиқ карда мешаванд. Нармкунии якум баъди ягонакунӣ дар чуқурии 6-7 см, дуюм -баъди 10-12 рўз дар чуқурии 12-14 см ва охирон баъди ду ҳафта дар чуқурии 7-8 см бо гузоштани ҳадди ҳимоявӣ гузаронида мешаванд. Пеш аз нармкунии дуюм баргҳои поёнии кўчатиро канда мепартоянд.
Ба тамоку дар давраи нашъунамо байни 12-15 рўз 4-7 маротиба (бо меъёри 600-800 м3/га) об мемонанд. Миқдору меъёрҳои обмонӣ ба шароити хокию иқлимии минтақаҳо вобаста аст.
Аз натиҷаҳои тадқиқотҳое, ки дар ноҳияи Панҷакент гузаронида шудаанд, бармеояд, ки бояд намнокии хок то бори нахуст чидани баргҳо 70 фоиз, байни чидани якум ва дуюми баргҳо 60 фоиз ва минбаъд 50 фоиз аз НК нигоҳ дошта шавад. Бо мақсади ба танзим даровардани ҷараёнҳои сабзиш, тақсимоти дурусти моддаҳои ғизоӣ, (дар давраи нашъунамои растаниҳо) ва ҳосили баланду хушсифат гирифтан, дар аввали гулкунӣ нўги растаниҳоро бо ду баргу тўдагулаш (вершкование) ба воситаи мошинахои махсус ё дастӣ мекананд. Дар мўҳлатҳои муносиб гузаронидани ин чорабинии агротехникӣ имконият медиҳад, ки ҳосилнокӣ то 7-8 с/га зиёд гашта, пухта расидани баргҳо то 10-15 рўз тезонида шавад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо