Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
Дар ин ҳангом растаниҳо омилҳои ҳаётиро нисбатан самарабахшона истифода мебаранд. Шиддатнокии истифода бурдани РФФ ва ҷараёни фотосинтез беҳтар гашта, ҳосилнокӣ баланд меравад. Ба чунин бартариҳо нигоҳ накарда, ин тарзи кишт кам истифода мегардад. Сабаби ин дукарата гузаштани агрегати кишткунанда аз майдон, хараҷоти барзиёдатии меҳнатию қувваи корӣ, сузишворӣ, зиёд гаштани талабот ба тухмӣ, дароз шудани мўҳлати кишт мебошанд.
Ба ғайр аз тарзҳои кишти дар боло зикр гардида дар шароити Россия кишти зироатҳои хўшадор усули изи технологӣ кор карда шудааст. Дар ин маврид органи тухмӣ ҷобаҷокунаки (сошник) тухмипошак дар болои чархҳо маҳкам карда мешаванд. Изи коштанашуда ба андозаи 45 см холӣ монда, барои гашти агрегатҳо дар давраи нашъунамо барои нигоҳубини киштзор истифода бурда мешавад.
Дар солҳои охир дар баъзе аз мамлакатҳои хориҷи кишти пуштагиро бо тухмипошакҳои махсуси истеҳсоли Туркия таҷриба мекунанд.
Ҳангоми кишти пуштагӣ хок дар пуштаҳо беҳтар гарм мешавад, реҷаи гармии растаниҳо беҳтар мегарданд, сабзиши тухмиҳо сабзонидани майсаҳо, инкишофёбии растаниҳо ва расиши ҳосил суръат мегирад.
Дар натиҷа ҳосил ба миқдори 4 – 5 с/га зиёд мегардад. Инро таҷрибаҳои аз ҷониби кафедраи растанипарварии ДАТ гузаронида низ тасдиқ намудааст.
Зироатҳои дар қаторҳо киштшаванда асосан бо тарзи васеъҷўяк, ки байни қаторҳо вобаста аз зироат бештар 45 – 50, 60 – 70 см – ро ташкил медиҳанд, парвариш карда мешаванд.
Дар мавриди ба 60 – 70 см баробар будани байни қаторҳо асосан ҷуворимакка, ҷуворӣ, картошка, офтобпараст, анҷбар ва амсоли инҳо парвариш карда мешаванд.
Кишти бехмевагиҳо, аз он ҷумла лаблабу бо усули қатор нуқтадори байниқаторҳояш 45–см, бо тухмипошаки махсуси кишташ дақиқ бо мақсади таъмин намудани ҷойгирии растаниҳо дар қаторҳо дар масофаи аз ҳамдигар якхела, ки ташаккули бехмеваҳои нисбатан инкишофёфта ва барҷастаро таъмин менамояд, тавсия дода мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё