Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Дар шароитҳои истеҳсолӣ баъзан кишти дуқатораи тасмагӣ масофаи байниқаторҳояш 45 см ва масофаи байни хатҳо бошад, 15 см – ро истифода менамоянд. Бо ин тарз зироатҳои ғалладонагии лубиёӣ – нахуд наск, мош, сояро парвариш кардан мумкин аст.
Меъёри кишт.
Миқдор ё вазни муайяни тухмӣ, ки бо мақсади гирифтани ҳосил ва ба даст овардании зиччии дилхоҳи ниҳолҳо ба як гектар майдон кошта мешавад, меъёри кишт номида мешавад. Меъёри кишт на танҳо барои зироатҳои гуногун, балки барои ҳар як навъи худи ҳамон зироат вобаста ба шароиту хоку иқлим ва сатҳи агротехника ба андозаи хеле калон тағйир меёбад. Бо нами даркорӣ таъмин будани киштзор шартӣ ҳалкунанда мебошад. Бинобар ин меъёри кишти ҳамагуна ғалладона ҳангоми аз минтақаҳои камбориш ба минтақаҳои сербориш гузаштан, тадриҷан зиёд мешавад. Аз ин ҷо меъёри кишти заминҳои обӣ назар ба заминҳои лалмӣ зиёд аст. Инчунин ҳангоми кишти тирамоҳӣ меъёри кишт назар ба кишти баҳорӣ зиёд карда мешавад. Меъёри кишти навъҳои баландпоя назар ба навъҳои кўтоҳпоя камтар мебошад.

ЧУҚУРИИ ҚАРОРДОШТИ ТУХМӢ. Аз чуқурии қарордошти тухмӣ пайдоиши майсаҳои якхелаю солим ва таъмини зичии қарордошти муътадил вобастагӣ дорад.
Чуқурии қарордошти тухмӣ аз зироат, навъ, андоза ва сифатҳои киштбобии тухмӣ, баровардани тухмпалла аз ҷониби онҳо, таркиби механикӣ ва намнокии хок ҳамчунин аз мўҳлати кишт вобастагӣ дорад.
Тухмии зироатҳои майдатухм – юнучқа, маъсар, шолӣ ва ғайраро на он қадар ҷуқур, ба андозаи 3-4 см кишт мекунанд. Тухмии зироатҳое, ки тухмпаллаашонро ба болои хок мебаранд аз қабили лубиёи муқарарӣ, мош, сояро танҳо дар чуқурии 4-5см кишт мекунанд, дар ҳолати чуқур кишт кардан наметавонанд ба сатҳи хок бароянд ва киштзорҳо сирак мегарданд.

пешина
аз 314
навбатӣ