Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Гардолудкунии иловагии сунъӣ бо ёрии ҳашаротҳои табии, аз он ҷумла, занбўрони ваҳшӣ бо роҳи гузаронидани гарди гул аз як гул ба гули дигар татбиқ мегардад. Бар асари гардолудкунии иловагӣ ғўрабандии тухмиҳо беҳтар гашта, фоизи донхолигии офтобпараст, ба воситаи сердонагӣ аз они ҷавдор паст рафта, қобилияти нешзанӣ ва энергияи сабзиши тухмиҳо баланд меравад.
Дар Пажўҳишгоҳи илмию тадқиқотии чорводорӣ то ҷанги шаҳрвандӣ парвариши занбўрони ёбоӣ-барггазандагон, барои истифода дар киштзорҳои юнучқа оғоз ёфта буд. Барои ҷалб намудани занбўрони ёбоӣ дар ду-се ҷои киштзоре юнучқа майдони на он қадар калонро шарбати қанд мепошанд.
Усули беҳтарину самарабахши гузаронидани гардолудлкунии иловагии сунъӣ бо ёрии занбўр ба ҳисоб меравад. Бо ин мақсад дар давраи гул оммавии растаниҳо ба ҳар гектари киштзор 2-3 оилаи занбўронро меоранд. Ин на танҳо баланд гаштани сифати тухмиҳо, балки ҷамъоварии маҳсулоти хело ҳам арзишнок-асалро таъмин мегардонанд. Дар майдонҳое, ки ба муқобили алафҳои бегона, зараррасону касалиҳо моддаҳои кимиёиро ба кор мебаранд, занбўронро овардан лозим нест.
АСОСҲОИ БИОЛОГӢ ВА АГРОТЕХНИКА
МЎҲЛАТ ВА ТАРЗҲОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ
ЗИРОАТҲО

Ҷамъовари ҳосил дар сикли парвариши зироатҳои саҳроӣ давраи масъули ташкилӣ ба ҳисоб меравад .
Аз саривақт ҷамъоварӣ намудани ҳосил миқдор ва сифати он вобастагӣ дорад. Дар мавриди дер кардани ҳосилғундори зироатҳои ғалладонагӣ дон пош хўрда, хўшаҳо мешикананд, мерезанд, ҳосилнокӣ паст рафта, сифати молии ғалла ба мегардад. Талафоти ҳосил дар ин маврид баъзан ба -10 фоиз мерасад. Ба ғайр аз ин коркарди хок ва кишти зироатҳои такрорӣ дар заминҳои обӣ боздошта мешавад.

пешина
аз 314
навбатӣ