Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Мўҳлат, тарзҳои ҷамъоварии ҳосил аз зироатҳо, махсусияти ташаккулёбӣ ва пухта расидани ҳосил, хосияти расиш (саросарӣ, баробарӣ), пошхўрандагӣ, қабатнокӣ, мавҷудияти алафҳои бегона дар киштзорҳо ва ғайра вобастагӣ дорад.
Дар шароити истеҳсолӣ дуруст муқаррар намудани мўҳххлати мусоиди ҳосилғундорӣ хело ҳам муҳим аст. Зироатҳои ғалладонагии гуруҳи якум (гандум, ҷав, сулӣ, арзан), ҳамчунин шолиро чун ( қоида), ҳангоми пурра расидани ғалла муғундоранд. Дар ин маврид майдон намуд зардро мигирад, ғалла сахт мегирад ва онро бо нохун буридан номумкин мегардад.
Дар зироатҳои ғалладонагии лубиёгӣ донҳо аввал дар қисматҳои поёнӣ пухта мерасанд. Ҳангоми дер кардани ҳосилғундорӣ ғилофакҳо мекафанд, дон мерезад. Аз ин рў ба ҷамъоварии онҳо вақте сар мекунанд, ки 70% ғилофакҳо дар растаниҳо пухта расанд. Муайян намудани мўҳлати ҷамъоварии ҳосил тибқи ҳар як зироат ба таври алоҳида, дар тавсифи ҳар як зироат дар китоби мазкур дода мешавад.
Дар вақти ҷамъоварӣ ду дараҷаи расиш фарқ кардан мумкин аст:
хоҷагӣ ва физииологӣ.
Расиши хоҷаги ҳосил назар ба физиологии он, пештар фаро мерасад. Киштзорҳои барои тухмӣ таъингаштаро одатан ҳангоми фаро расидани расиши физиологии тухмиҳо, ки бо қитбиляти баланди сабзиш ва энергияи нешзанӣ фарқ мекунанд, ҷамъоварӣ менамояд.
Асосан нисбат ба зироатҳои ғалладонагӣ ду тарзи ҳосилғундориро ба кор мебаранд- ҳосилғундории саросарии яклухт ва ҳосилғундории ҷудогона. Тарзи нисбатан васеъпаҳншудаи ҳосилғундорӣ ҳосилғундории саросарии яклухт ба ҳисоб меравад.
Зироатҳои ғалладонагиро бештар бо роҳи ҳосилғундории яклехт дар мавриди расиши пурра ғалла (дон) меғундоранд. Бо сабаби норасидани техникаи ҳосилғундорӣ, сузишворӣ ва равғанҳои молиданӣ дар Тоҷикистон дар хоҷагиҳои фермерии начандон калон зироатҳои ғалладонагиро ба тарзи дастӣ меғундоранд.

пешина
аз 314
навбатӣ