Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
Анбўҳи ҷамъоваригаштаро тўда намуда, пас аз бухор гаштани намӣ хирманкўбӣ мекунанд.
Ҳосилғундории дуфазагии зироатҳои ғалладонагиро низ дар амалия истифода мебаранд. Дар ин маври, дар фазаи якум растаниҳоро дар фазаи нимдунбул гаштани ғалла вақте, ки ҷараёни ҳаракати моддаҳои ғизои ба дон алакай қатъ мегардад, медараванд. Сипас комбайнҳо анбўҳи даравидашударо хирманкўбӣ мекунанд. Чунин тарз вақте мақсаднок аст, ки киштзори зироатҳои расиши гуногун дошта, алафҳои бегона бисёранд ё пояҳои онҳо хоб рафтаанд.
Бартарии ҳосилғундории ҷудогона аз он иборат аст, ки талафёбии ҳосил аз ҳисоби кам кардани пошхўрии дон ва шикастани хўшаҳо паст фароварда мешавад, вале дар ин тарзи ҳосилғундории хароҷоти меҳнат, масрафоти сўзишворӣ ва равғанҳои молиданӣ бар асари ду маротиба гузаштани техника аз майдон меафзояд ва ба хок низ таъсири вайронкунанда расонда мешавад, муҳлати ҳосилғундорӣ тул мекашад, талабот ба миқдори техникаи ҳосилғундорӣ зиёд мегардад.
Мўҳлат ва тарзҳои ҳосилғундории зироатҳоро ба тарзи фардӣ ва бо назардошти махсусияти расиши ҳосили ҳар як зироат ва вазъи хок, ба инобат гирифтани камшавии талафоти ҳадди мўътадили ҳосил ва нигоҳ доштани сифати моли маҳсулот муайян кардан лозим аст.
Тамоми тадбирҳо ҳангоми тартиб додани нақшаи технологӣ доир ба парвариши ҳар як зироат ба инобат гирифта мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё