Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Барои гузаштани давраи баҳориронӣ ба растаниҳо ҳамаи омилҳои муҳит зарур аст, вале муайянкунанда дар ин давра омили ҳароратӣ мебошад; барои гузаштан аз давраи рўшноигардонӣ бошад, омили асосӣ рўшноӣ (давомнокии рўшноии табии рўз) ба ҳисоб меравад.
Аз ҷониби Разумов ва Сепечин дар инкишофёбии растаниҳо давраҳои нав- саҳроӣ ва эмбрионалӣ зикр карда шуд. Давраи саҳроӣ дар инкишофёбии растаниҳо зинаҳои ғунчаю муғчабардориро то ташаккулёбии гулҳо дар бар мегирад ва бо талабот нисбат шиддатнокии рўшноӣ ва дигар омилҳо фарқ мекунад. Ин давра дар ҳаёти растаниҳо давраи талаботи зиёд ба моддаҳои ғизоӣ ва об ба шумор меравад.
Зинаи эмбреоналӣ (ҷанинӣ) аз лаҳзаи ташаккул ёфтани зиготаҳо ибтидо гирифта, то дар ҷанинтухм зоҳир гардидани қобилияти сабзиш идома меёбад.
Ҷараёни органогенез (инкишофёбии фардии организм) аз маҷмўи табаддулотҳое иборат мебошад, ки дар организми растаниҳо аз оғоз то охири ҳаёташон рўи медиҳанд. Ин ҷараён дар бештари растаниҳо ду давраро дар бар мегирад:

  1. Ташаккул ёфтани узвҳои нашвӣ. 2. Ташаккул ёфтани узвҳои генеративӣ (репродуктивӣ) дар растаниҳо (гул, тудагул, мева).
    Аз руи давомнокии ҳаёташон зироатҳои яксола (масалан, зироатҳои ғалладонаги), дусола (бехмевагиҳо), бисёрсола (юнучқа)- ро фарқ мекунанд.
    Аз руи мевадиҳӣ зироатҳоро ба монокарпӣ (як бор самардиҳанда) ва поликарпӣ (бисёрсамардиҳанда) тақсим мекунанд ба онҳо алафҳои бисёрсола, гандуми бисёрсола, ҷувори бисёрсола, ҷуворимакка ва ғайра таалуқ доранд.
    ДАВРАҲОИ СИНУСОЛИИ ИНКИШОФЁБИИ РАСТАНИҲО.
    Н.Кулешов давраи ҳаётии растаниҳои тухмидорро ба 5 зинаи синнусолӣ ҷудо месозад:
  2. Эмбрионалӣ (тухмӣ)- ин давраи аз вазъи неш зада баромадан то ташаккулёбии решаи ҷанинӣ, барги ҷанин, заҳир гаштани майсаҳо ва ташаккул ёфтани барги сеюмро дар зироатҳои ғалладонагӣ дар бар мегирад.
пешина
аз 314
навбатӣ