Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
2.Давраи ҷавонӣ бо ҷараёни узвташаккулёбӣ ташаккул ёфтани
решаҳои асосӣ, шохчадавонӣ, баргбарорӣ, ташаккулёбии баргҳо тавсиф
меёбад.
3. Давраи камолот. Ин давраи найчабарорию қадкашӣ, пайдоши тудагул, гул ва ибтидои ташаккулёбии онро дар бар мегирад.
4. Давраи афзоиш (саҳроӣ ва нашвӣ). Ин давра бо ташаккул ёфтанӣ узвҳои генеративии растаниҳо- гулшукуфоӣ, хўшадиҳӣ ва самароварӣ ба
анҷом мерасад.
5.Пиршавии растании асосӣ. Ин давра бо расиш ва маҳвёбии узвҳои самардиҳанда тавсиф меёбад.
Ф.М.Куперман дар растаниҳои яксола давраи инкишофёбӣ:
ҷавонӣ, камолот, пиршавиро фарқ мекунад.
Ташаккулёбӣ ва расиши тухмӣ
Дар инкишофи фардии тухмӣ давраи ташаккули ҷанинӣ дар растаниҳо муаррифӣ мегардад. Инкишоф ва ташаккули тухмӣ бо ворисияти навъ, шароитҳои экологӣ ва агротехникӣ парвариш дар давраи нашъунамои растании модарӣ дар киштзорҳои тухмӣ алоқаманд аст.
Дар ин маврид шароитҳо ҳар қадар муносиб бошанд, ҳамон андоза тухмиҳои сифатан баланд ташаккул меёбанд. Дар мавриди шароитҳои номусоид, бахусус дар давраи гулкунӣ ва ҳосилбандӣ нуқсонҳо дар агротехникаи парвариш (вайрон намудани реҷаи обёрӣ ва ғизогирӣ, ифлосшавии майдонҳо, сари вақт нигоҳубин накардан ва ғ.) ҳосилнокӣ ва сифатҳои тухмибобиро якбора паст мефарорад. Дар чунин шароит майдадонӣ дар зироатҳои хўшадор, афтодани гулҳо дар зироатҳои лўбиёгӣ, донҳои бемағз дар офтобпараст ва ғ. ба мушоҳида мерасад. Аз ин агроном бояд ба дараҷаи баланд махсусиятҳои биологии парвариши зироатҳоро барои тухмӣ ва агротехникаи парвариши онҳоро донад.
Дар растаниҳои дараҷаи олӣ организми модарӣ, ки дар он тухмӣ инкишоф меёбад, ба дараҷаи баланд насли худро барои бартараф сохтани шароитҳои имконпазири номусоид бо роҳи таъмин намудани вай бо маводи ғизоӣ ва ҳар гуна воситаҳои ҳифозатӣ мусаллаҳ менамояд (Н.В.Сингер, 1958). Аз ин рў вазъи растании модарӣ, тавоноии он ва сиҳатӣ ташаккул ёфтани тухмиҳои сифаташон баландро таъмин месозад.
Ба сифати тухмӣ ҳамаи чорабиниҳои агрономӣ таъсир мерасонанд.
Инкишофи растании модарӣ, маҳсулнокии он аз он вобастагӣ дорад, ки то чӣ андоза усулҳои гузарондаи агротехникӣ мусоид буданд ва ба талаботи зироат ва навъҳо ҷавоб гуфтанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё