Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Ҳангоми кишт истифода бурдани 5 млн. тухми дар 1 га он ҳосили баландро гирифтанро таъмин мекунад. Вазни 1000 донааш 40,2 г. вазни ҳаҷмаш (натура) 803 г/л аст. Давраи наъшунамояш 188-220 рўз давом мекунад.
Дар шароити Осиёи Миёна бештар гандумони дуфаслае паҳн шудаанд, ки нисбат ба навъҳои биологии тирамоҳӣ ҳосилноктаранд.
ЗИРОАТҲОИ ПЕШКИШТА. Усули шадид талаб мекунад, ки гандум ҳангоми киштгардонҳо пас аз зироатҳои қиматбаҳои пешкишта кошта шавад. Қитъаҳо бояд ҳосилхез, дамгирифта ва аз алафҳои бегона тоза бошад. Барои гандуми дар заминҳои лалмӣ киштшаванда зироатҳои пешкиштаи беҳтарин инҳоянд: юнучқа, лўбиёгиҳои донӣ, зироатҳои байни қаторашон коркардашаванда - картошка, полезиҳо, ҷуворимакка, ҷуворӣ.
Дараҷаи қимматнокии зироатҳои пешкишта бо тартиби дар боло навишташон мувофиқат мекунад. Мувофиқи маълумотҳои Лашкарева А.
Ф. ҳангоми коштани гандум пас аз юнучқа дар заминҳои лалмӣ ҳосилнокии он 7-8 с/га зиёд мешавад. Натичаҳои тачрибаҳои олимони Пажуҳишгоҳи зироатчигии лалмии Ўзбекистон нишон медиҳанд, ки ҳангоми коштани гандум дар заминҳои дамдодашудаи тоза ҳосилнокии он 2,5 маротиба афзуда, сифатҳои технологии тухмиаш беҳтар мегардад.
Дар заминҳои обӣ гандум пас аз зироатҳои пешкоштаи пахта, юнучқа, лўбиёгиҳои донӣ (лўбиё, лўбиёи чинӣ), ҷуворимакка, ҷуворӣ ва зироатҳои полезӣ ҳосили баланд медиҳад.
Дар Тоҷикистон барои заминҳои лалмӣ вобаста ба хусусиятҳои табиию иқлимӣ гузаронидани киштагардонҳо аз рўи нақшаи зерин тавсия мешаванд:

  1. Барои заминҳои лалмии аз бориш кам ва нимтаъмини вилояти Хатлону Суғд ва ноҳияи Турсунзода киштгардонҳои се ва панҷмайдона:
    Киштгардони семайдона:
  2. Замини дамдодашудаи тоза; 2. Гандуми тирамоҳӣ; 3.
пешина
аз 314
навбатӣ