Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Серҳосилии гандум дар заминҳои лалмӣ пеш аз ҳама ба миқдори боришот вобаста аст. Захиран намнокии заминҳои лалмӣ имконият медиҳад, ки ҳосили фаровон гирифта шавад. Аммо барои гирифтани ҳосили аслии имконпазир (ҲАИ) аз рўи захираи намӣ, ҳосилхезии пасти хокҳо сади роҳ мешаванд. Чунки дар ин минтақаҳо бештар намуди хокҳои хокистарранг ва дорчинранги карбонатӣ паҳн шудаанд. Ин хокҳо аз рўи миқдори моддаҳои ғизоӣ, махсусаи аз рўи миқдори фосфори ҳаракаткуианда ба хокҳои камтаъмин мансубанд.
Аз рўи миқдори фосфор дар бисёр мавридҳо хокҳо ба гуруҳи якўм (0-
15 мг/кг Р205) ва дуюм (15-30 мг/кг) дохил мешаванд. Микдори нитроген низ дар онҳо кам (0,06-0,10%) буда, аз калий нисбатан боянд.
Дар заминҳои лалмӣ барои гандум меъёри нуриандозӣ ба шароити намнокии минтақаҳои парвариш, ҳусусиятҳои зироати пешкишта, ки дараҷаи ҳосилхезии хок ва намнокӣ ба он дахлдор аст, хусусияти навъҳо ва инчунин миқдори ҳосили тарҳрезишуда вобаста аст.
Ба минтақаҳои нисбат ба намӣ мусоид гуруҳи ноҳияҳои Рашт, як қисм заминҳои ғаллакории вилояти табиию-ҳочагии Кўлоб, ноҳияҳои водии Ҳисор дохил мешаванд. Дар ин минтакаҳои гандумпарварӣ меъёрҳои баланди нуриҳоро самаранок истифода бурда, ба таври илова аз ҳар як гектар 5-8 сентнер дон гирифтан мумкин аст.
Аз ин рў муфид аст, ки дар ин гуна шароитҳо меъёри солонаи нуриҳо барои гандум ва махсусан навъҳои пурмаҳсул ба 80 кг нитроген, 40-60 кг фосфор бо моддаҳои таъсиркунанда дар ҳар як гектар баробар бошад.
Азбаски вилоятҳои табиию-ҳочагии Вахшу Суғд дар минтақаҳои аз боришот нимтаъмин чойгир шудаанд, бояд меъёри нуриҳои нитрогени то 30-40% кам карда шаванд.
Меъёри нуриҳо аз зироатҳои пешкишта низ вобастагӣ дорад. Дар ҳолати коштани гандум пас аз чунин пешкиштаҳо: заминҳои дамдодашудаи тоза, заминҳои дамдодашудаӣ банд, зироатҳое, ки байни қаторашон нарм карда мешаваду хокашон миқдори зиёди намиро нигоҳ медорад, имконият медиҳад, ки меъёрҳои зиёди нуриҳо истифода шаванд.

пешина
аз 314
навбатӣ