Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
Дар парвариши гандум дуруст ва дар чуқурии оптималии коштани тухмӣ аҳамияти калон дорад. Зеро пурра ва дар як вақт пайдошавии майсаҳо, ҷойгиршавии буғуми панҷазанӣ ва инчунии панҷзанӣ ба ҳамин чорабинии агротехникӣ вобаста аст. Дар ҳолати аз меъёр чуқур таги хок кардани тухмӣ панҷазании маҳсулнок (пояҳои маҳсулнок) кам мешавад.
Вобаста ба шароитҳои хокию иқлимӣ тухми гандум бояд дар чуқурии 4-6 см. зери хок карда шавад. Фарқияти чуқурии таги хок кардани тухмиҳо аз меъёри муайяншуда набояд аз 1 см зиёд шавад. Тухмиҳое, ки колиоптики суст инкишофёфта доранд, на он қадар чуқур зери хок карда мешаванд.
Барои кишти гандум аз ғаллаплшакҳои СЗ-3,0, СЗУ-3,6, СЗТ-3,6, СЗП- 3,6 ва ғайра, истифода мебаранд, ки онҳо бо трактори МТЗ-80/82 пайваст карда мешаванд. Дар киштҳои пуштагӣ тухмипошакҳои махсуси истеҳсоли Туркия истифода бурда мешавад.
Дар замиҳои обӣ пас аз кишт дарҳол барои обмонӣ ҷўякҳо мекашанд.
НИГОҲУБИНИ КИШТ. Тавсия мешавад, ки барои киштҳои тирамоҳӣ дар фасли зимистон назорати биологӣ ҷорӣ карда, дар ҳолати зарури бояд чорабиниҳои муносиби агротехникӣ гузаронид. Нигоҳубини гандумзорҳо аз мубориза бар зидди алафҳои бегона, ҳашаротҳо, касалиҳо, ғизодиҳи, пстифодаи моддаҳои танзими сабзиш (регулятори роста) ва дар заминҳои обӣ-обмонии хушсифати саривақтӣ иборат аст.
Аввали баҳор ҳангоми имконият додани ҳолати физикии хок баробари ғизодиҳии киштзорҳо сихмола карда мешаванд (БЗТС-1,0). Сихмола аэратсияи хокро хуб карда, киштзорҳоро аз хасу хошок ва алафҳои бегонаи калонбутта тоза мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё