Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

дистикум Л., ҷави мобайни – Х. интермедиум Вав. Ғайр аз ин дар табиат бисёр намудҳои ёбоии ҷав мавҷуданд.
Ҷав ба гурўҳи растаниҳои рўзи дароз мансуб асту ба гармӣ кам эҳтиёҷ дорад. Тухми ҷав дар ҳарорати 1-20С гармӣ ба нешзанӣ сар мекунад.
Аммо барои пайдо шудани майса 4-50С гармӣ зарур аст. Ҳарорати мўътадили нешзании тухми ҷав 12-140С мебошад. Майсаҳои ҷав ба хунукии 7-80С тоб-оваранд. Ҷав нисбати гандуму ҷавдор ба хунукӣ кам тобовар аст. Ҳатто ҳарорати - 120С барои майсаҳояш хатарнок мебошад. Аз ин рў ҷав бештар баҳор кошта мешавад. Барои пурра гузаштани давраи нашъунамои ҷавҳои тезпаз 1000-15000С ва дерпаз 1900-20000С ҷамъи ҳарорати фаъол лозим аст. Ҷав дар байни зироатҳои ғаллагии гурўҳи якум бо хусусиятҳои ба хушкӣ ва гармӣ тобовариаш фарқ мекунад. Лекин қайд кардан лозим аст, ки дар ҳарорати 400С масомаҳои баргаш фалаҷ мешаванд. Дараҷаи (коэффитсиенти) транспиратсиониаш ба 350- 400 баробар аст. Давраи хатарноки норасоии намӣ барои ҷав ба давраҳои найчабандӣ ва хўшабандӣ рост меояд. Ин ҳолат бояд дар вақти муайян кардани мўҳлатҳои кишт ва обмонӣ ба назар гирифта шавад.
Норасоии он сабаби пайдошавии хўшаҳои пуч мегардад.
Баҳоронии (яровизатсияи) ҷави баҳорӣ дар ҳарорати 2-50С дар муддати 6-7 рўз мегузарад, лекин баҳри гузаштани ин давра барои ҷави тирамоҳӣ 40-45 рўзи мўътадили ҳавои мусоид лозим аст.
Ҷав зироати худгардолудшаванда аст. Дар баъзе навъҳо гардолудшавӣ ҳатто пеш аз пайдо шудани хўша дар ҳолати пўшида рўй медиҳад.
Ҷав нисбат ба гандум ва сулӣ бештар панҷа мезанад.
Дар шароити Осиёи Миёна яке аз хусусиятҳои хосу муҳими ҷав он аст, ки ин зироат нисбат ба дигар ғаллагиҳои хўшадор тез пухта мерасад ва аз хушкиҳои тобистон кам осеб мебинад. Ҷав аз боришоти давраи зимистону аввали баҳор самаранок истифода мебарад.
Давраи пурраи нашъунамои ҷави тирамоҳӣ 180-210 рўз тўл мекашад.
Дони ҷави тирамоҳӣ нисбати дони баҳории он 10-15 рўз пеш пухта мерасад. Ин ҳолат барои холӣ шудани майдонҳо баҳри кишти саривақтии такрории дигар зироатҳои кишоварзӣ ва самаранок истифода бурдани захираҳои иқлим, махсусан заминҳои корами обӣ, аҳамияти калон дорад.

пешина
аз 314
навбатӣ