Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
Дар шароити Тоҷикистон (ғайр аз ВХБК) ҳосили баланди дони ҷав асосан аз киштҳои тирамоҳии он гирифта мешавад.
Ҷав метавонад дар шароитҳои гуногуни хокию иқли-мӣ сабзад, аммо барои ин хокҳои ҳосилхези струк-турадоре, ки муҳити (реаксияи) бетараф (pH - 6,8 -7,5) доранд, беҳтарин ба шумор мераванд. Ҷав ба истифодаи нуриҳои минералӣ эҳтиёҷи калон дорад, лекин ҳангоми сернам будани замин ва аз меъёр зиёд истифода бурдани нуриҳои нитрогенӣ боиси хобидани ҷав мегардад. Ҷав барои пайдо шудани 1 сентнер дон ва миқдори мутаносиби баргу поя 2,5 кг нитроген, 1,1 кг фосфор ва 2,4 кг калийро истифода мебарад. Барои ба даст даровардани ҳосили баланду устувор зарур аст, ки ҷав дар давраҳои аввали инкишофаш бо меъёрҳои мўътадили нуриҳо ва дар тамоми давраи нашъунамояш бо нуриҳои нитрогенӣ таъмин бошад.
НАВЪҲО. Яке аз омилҳои асосии гирифтани ҳосили баланди ҷав, махсусан дар шароити заминҳои обӣ, дуруст интихоб кардани навъҳои серҳосил мебошад. Дар Тоҷикистон навъҳои зерини ҷав ноҳиябандӣ шудаанд: барои кишти тирамоҳӣ -Ченад 345, Сиклон, Баракат, Росава, барои кишти баҳорӣ-ҷави бапўст, ҷави кабутак; барои киштҳои мобайнӣ - баҳорӣ, хўроки чорво-Ифтихор 86; ҳангоми киштгардонкунии пахтазорҳои водии Вахш - ҷави тирамоҳии Вахш-34.
Ченад - 345. Ин навъ дар истодгоҳи тухмипарварии Ченади Руминия бо усули интихоби умумӣ аз дурагаи Экстенсивна Ченад 395 рўёнда шудааст. Ба зернамуди ҷавҳои бисёрқатора мансуб аст. Гуногуннамудиаш (разновидность) паллидиум мебошад ва ба хушкию хунукӣ хуб тобовар аст. Хўшаи хамандаи бақувват дорад, хобнорав буда, донаш дар вақти пухта расидан пош намехўрад. Ба касалии гелментоспориоз кам гирифтор мешавад. Навъи биологии баҳории дерпаз аст. Донааш миёнаҳаҷм мебошад. Вазни 1000 донааш 39-46 г. буда, хусусиятҳои хуби ярмашавӣ дорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё