Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

КИШТ. Ҳосилнокии ҷав аксар вақт ба гузаронидани кишти саривақтӣ, ва истифодаи тухмиҳои хушсифату ҷиддан тайёр кардашудаи дараҷаи якуми давлатӣ (ГОСТ) вобаста аст.
Дар мубориза бо маҷмўи касалиҳо тухмиҳо ҳатман бо Витавакси 75 фоиза м.т.-390 г/с тухмӣ, Фундазоли 50 фоиза- 200-300 г/с тухмӣ ва ба муқобили касалии сиёҳаки сахт (ҳубобчадор) заҳрдоруи Агросити 50 фоиза ҳисоби 200-300 г/с тухмӣ истифода мешавад.
Ҷав ба риояи мўҳлати кишт бисёр эътино дорад. Як ҳафта дермонии мўҳлати кишти баҳорӣ сабаби хеле паст шудани ҳосил мегардад, ва аз сабаби нарасидани намӣ дар заминҳои лалмӣ ҳангоми ширагирии дон ҳосил 2-3 с/га кам мешавад.
Дар баҳор ҳангоми ҳарорати қабати зерихоккунии тухмӣ бо 4-5 0С расидан, ба кишт шурўъ карда, онро дар мўҳлатҳои кўтоҳтарин ба итмом мерасониданд. Риояи ин усул барои ноҳияҳои кўҳӣ муҳим аст.
Ҳангоми саривақт гузаронидани кишт дар дон миқдори оҳар зиёд шуда, пардапўшиаш кам мешавад, Ки ин барои тайёр намудани фуқўҳ - нўшобаи ҷав аҳамияти калон дорад.
Киштҳои тирамоҳии ҷав вобаста ба шароитҳои минтақавӣ асосан дар моҳҳои сентябр-октябр гузаронида мешаванд. Дар заминҳои обии минтақаҳои пахтапарварӣ ин мўҳлат то 15-20 ноябр кашол меёбад, чунки заминҳо аз ғўзапоя дер тоза мешавад.
Дар ноҳияҳои водӣ кишти зимистонии ҷав низ имконият дорад.
Ҳосили ҷави зимистона нисбат ба кишти баҳории он зиёдтар аст. Дар таҷрибаҳои собиқ стансияи давлатии тухмипарварии Тоҷикистон оид ба омў-зиши мўхлатҳои кишт дар заминҳои лаламӣ натиҷаҳои аҷиб ба даст оварда шудаанд. Ҳосилнокии ҷав нисбат ба мўҳлатҳои кишт чунин аст:
октябр-33,5 с, ноябр-31 с, декабр-26,9 с, феврал-16,9 с, март-14,1 с ва апрел-12,7 с/га. Ин тағйирёбии ҳосилнокӣ ба миқдори намӣ вобаста аст.
Кишт бо усули қатории муқаррарӣ, борикқатор ва қадубарӣ тавассути тухмипошакҳои С3-3,6, С3Н-3,6, СЗТ-3,6, СЗА-3,6 (бо позаи лангардор), СЗУ-3,6 (борик-қатор) гузаронида мешавад.

пешина
аз 314
навбатӣ