Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
Самти кишт низ дар баланд бардоштани ҳосилнокии ҷав таъсир мерасонад. Ҳангоми коштани ҷав дар самти шимолу ҷануб (аз рўи таҷрибаи Академияи кишоварзии ба номи Тимирязев К. А.) ҳосилнокии он 2-2,5 сентнер/га ва миқдори нишостаи дон зиёд шудааст.
Меъёри тухми киштӣ ба хусусиятҳои навъҳо, ҳосилхезии хок, таъминии қитъаҳо бо намӣ, мўҳлати кишт ва сифати тухмиҳо вобаста аст. Дар баробари ин бояд дар назар дошт, ки ҷав нисбат ба гандум бисёртар панҷа мезанад.
Меъёрҳои миёнаи ҳисобии тухми ҷав барои як гектар чунинанд:
заминҳои лалмии аз боришот нимтаъмин-2,0-2,5; лалмии аз боришот таъмин-2,5-3,0 ва барои заминҳои обёришаванда 3,0-3,5 млн. дони қобилияти сабзиш-дошта.
Дар тавсияномаҳои Вазорати кишоварзии Тоҷикистон оид ба парвариши зироатҳои ғалладонагӣ вобаста ба шароитҳои хокию иқлимӣ чунин меъёрҳои тухмӣ (ҷадвали 7) барои кишт тавсия шудаанд.
Меъёрҳои тухмии 180-200 кг нисбатан зиёд буда, бояд аз нав дида баромада шаванд.
Дар таҷрибаҳои Ҷаборов Т. Дар заминҳои обии води Ҳисор кишт бо усули кадубар (15х15 см), бо меъри тухми 4 млн./га донҳои қобилияти нешзанӣ дошта ва дар чуқурии 4 см зери хок ҷобаҷокунии онҳо имконият дод, ки аз ҳар як гектар 40 с дон истеҳсол карда шавад.
Барои тухмипарварӣ ва тайёр намудани нўшобаи ҷав (фуқўҳ, пиво) тавсия шудааст, ки меъёрҳои тухмӣ бояд 8-10% зиёд карда шаванд. Дар баробари ин ҳиссаи донҳои калону якхела, ки дар хўшаҳои тозаи марказӣ пайдо мешаванд, зиёд мегарданд.
- Меъёрҳои кишти тухмии ҷав, кг/га
Вилоят, минтақа Заминҳои лалмӣ Заминҳои обӣ
Суғд 100- 110 120-130
Кўлоб 110-120 130-140
Қўрғонтеппа - 160-180
Ҳисор 120-130 140-150

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё