Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Рашт 160-180 180-200

Меъёри тухмӣ дар киштҳои зимистонӣ ва ба усули қадубари кошташаванда низ зиёд карда мешаванд. Киштҳое, ки миқдори мўътадили моя доранд, зимистонро нағз мегузаронад.
Тухмӣ дар кишти баҳорӣ бояд дар чуқурии 4-5 см, тирамоҳию зимистонӣ-5-6 см зери хок карда шаванд.
Дар хокҳое, ки аз рўи таркиби механикониашон ба хокҳои сабук мансубанд, тухмиҳо чуқуртар таги хок карда мешаванд. Ҷойгиршавии буғуми панҷазанӣ, қобилияти хуби зимистонгузаронӣ ва хобноравии ҷав ба то кадом андоза чуқур коштани тухмиҳо алоқаманданд. Рўякӣ таги хок кардани тухмиҳо, махсусан дар заминҳои обӣ ва истифодаи меъёри зиёди нуриҳои нитрогенӣ, сабаби хобидани растаниҳо, вайроншавии ҷараёни фотосинтез ва пастшавии ҳосил мегардад.
НИГОҲУБИНИ КИШТҲО. Барои гирифтани ҳосили баланд бояд тамоми талаботҳои усули шадиди парвариши ҷав риоя гашта, он чорабиниҳое, ки барои нигоҳубини кишти он тавсия шудаанд, сари вақт хушсифат ва дар мўҳлатҳои оптималӣ иҷро карда шаванд.
Нигоҳубини киштҳо аз чорабиниҳои зерин: сихмолакунӣ, ғизодиҳӣ, мубориза ба муқобили алафҳои бегона, ҳашаротҳои зараррасон, касалиҳо ва обмонӣ иборат мебошанд.
Киштҳои тирамоҳиро аввали баҳор дар давраи панҷазанӣ сихмола мекунанд. Барои мубориза бар зидди алафҳои бегона аз усули кимёвӣзаҳрдоруҳо ис-тифода мебаранд. Бар зидди алафҳои бегонаи якпаллагӣ ва дупаллагӣ дар давраи панҷазании ҷав заҳрдоруи базаргани 48 фоиза 2-4 л/га ё банвели 48 фоиза 0,15-0,5 л/га пошида мешавад. Зидди алафҳои бегонае, ки ба заҳрдоруи 2,4Д тобоваранд, аз заҳрдоруи, комбинатсияшудаи актрил бо вояи 1,0-3,5 л/га дар давраи паҷазанӣ истифода мебаранд.
Усули шадид барои пешгирии хобидани ҷав мусоидат крда, истифодаи моддаҳои танзимкунандаи сабзишро талаб мекунад. Ҳангоми аз меъёр зиёд истифода бурдани нитроген, зиёд шудани боришот ва сернам будани заминҳои обӣ ба хобравии ҷав оварда мерасонад.

пешина
аз 314
навбатӣ