Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
Барои кишт тухмиҳои хушсифати дараҷаи якумро истифода бурда, онҳоро тавассути тухмипошакҳои ғал-лагӣ бо усули яклухти қаторӣ мекоранд.
Вобаста ба шароити ноҳияҳои Помир кишти баҳорӣ дар даҳаи сеюми март ва даҳаи аввали апрел аз ҳисоби 4-4,5 млн. тухмии ба нешзанӣ қобил (160 кг/га) гузаро-нида мешавад.
Барои заминҳои обии ноҳияҳои пахтакор меъёри тухмии ҷавдор аз ҳисоби 120-140 кг/га тавсия шудааст. Майсаҳои ҷавдор бисёр нозуканд, аз ин сабаб тухмиҳо дар чуқурии 3-5 см бояд кошта шаванд.
Дар давраи панҷазании ҷавдор барои нест кардани алафҳои бегона заҳрдоруи банвел аз ҳисоби 0,15-0,5 кг/га пошида мешавад. Ба муқобили касалиҳои занг ва ордазанӣ дар киштзорҳо ба воситаи заҳрдоруи Тилт, 25% аз ҳисоби 0,3 л/га коркард мегузаронанд.
Барои хобнорав шудани ҷавдор дар давраи аввали найчабарории он ретарданти композан аз ҳисоби 2-3 л/га (м.т.) истифода мешавад. Дар сурати омехта поши-дани композан бо заҳрдоруи ТУР мутаносибан бо вояи 0,70-1 ва 2-3 л/га (м.т.) самаранокии коркард меафзояд.
Тирамоҳ дар заминҳои обӣ пас аз кишт ва ҷўякбурӣ барои тезонидани нешзанӣ ва сабзиш ба кишт об мемо-нанд. Дар давраи нашъунамо дар водии Ҳисор 2-3, минтақаи Қурғонтеппаи вилояти Хатлон 3-4 ва дар ВМБК 6-8 маротиба об мондани кишт тавсия мешавад.
ҒУНУЧИНИ ҲОСИЛ. Ҷавдор бояд саросар пухта расад. Дар сурати сари вақт нағундоштани ҳосил донҳояш пош хўрда, хўшаҳо мешикананд.
Чун гандум ҳосили ҷавдорро дар мўҳлатҳои кўтоҳ бо усули дарави яклухт ҳангоми пурра пухтани дон ба воситаи комбайнҳои ғалладарав меғундоранд.
Усули ғунучини ҷудогона ҳангоми думбул шудани дони ҷавдор истифода бурда мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё