Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Мавзуъ: Т Р И Т И К А Л Е (2соат)
Аҳамият, хусусиятҳои биологӣ ва навъҳо. Агротехникаи парвариши тритикале.

Тритикале зироати нави ғаллагист, ки дар натиҷаи дурагакунии гандуму ҷавдор рўёнида шудааст. Номи он аз ҳиҷои авали номи авлодии гандум: (Тriticum) ва ҳиҷои охири номи авлодии ҷавдор decalo (Секале) бармеояд. Тритикале бо ҳосилнокии баланди иқтидорӣ, миқдори зиёди сафеда (13-18%) ва лизин доштан, қобилияти баланди тобоварӣ ба шароити номусоиди муҳиту касалиҳои замбуруғӣ ва хобнорав буданаш фарқ мекунад. Тритикале зироати пурбаҳои емию хошокӣ аст.
ҲОСИЛНОКӢ. Тадқиқотҳои илмӣ дар шароити Тоҷикистон аз ҳосилнокии баланди тритикале дар заминҳои обӣ ва лалмӣ гувоҳӣ медиҳанд.
Таҷрибаҳои дар ИИИ «Зироатчигӣ» гузаронидашуда нишон медиҳанд, ки дар сурати дуруст истифода бурдани меъёрҳои нуриҳои минералӣ N120Р60 аз ҳар як гектар замини обӣ 72,8 сентнер дон гирифта мешавад. Дар заминҳои лалмӣ бошад, риояи меъёрҳои истифодаи N60Р60 имконият медиҳад, ки 38,8 с/га дон гирифта шавад.
Аз рўи маълумотҳои Пажўҳишгоҳи физиология ва биофизикаи растаниҳои АУ Тоҷикистон навъи тритикалеи «Восеъ-1» (наслгирии ҳамин пажўҳишгоҳ) дар шароити заминҳои обии колхози «Москва»-и ноҳияи Восеъ аз ҳар як гектар 66 сентнерӣ дон додааст.
Дар истодҳои таҷрибавии Иссиқкўли Иттиҳодияи ил-мию истеҳсолии зироатчигии Қирғизистон дар заминаи истифода бурдани 225 кг/га (м.т.) нитроген ҳосили баланди дони тритикале (79,3 с/га) гирифта шудааст.
Аз таҷрибаҳои дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон гузаронида бармеояд, ки ҳангоми дуруст истифода бур-дани меъёрҳои ҳисобии нуриҳо (N200Р140) аз навъи «Баҳодур» дар заминҳои обии водии Вахш ва Ҳисор ба ҳисоби миёна 73с/га дони тритикале гирифтан мумкин аст. Ҳангоми тадқиқот ҳаҷми баргҳои навъи «Баҳодур», ба 60 ҳ.м2/га ва маҳуслнокии муфиди фотосинтез ба 4,43 г/м2 дар як шабонарўз баробар буд.

пешина
аз 314
навбатӣ