Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

НАВЪҲО. Барои кишти тирамоҳӣ навъи тритикалеи «Немига-2» ва «Акбар»тавсия шудаанд.
«Немига-2». Навъи донӣ буда, дар Донишгоҳи уму-мииттифоқии растанипарварии ба номи Н. И. Вавилов, донишгоҳи ирсияту зистшиносии АУ Ҷумҳурии Белорус-сия ва пойгоҳи таҷрибавии тухмипарварии вилояти Иссиқкўли Қирғизистон рўёнда шудааст. Соли 1988 дар ҷумҳурии мо барои кишти тирамоҳӣ ноҳиябандӣ шудаасту навъи дуфасла мебошад. Дар шароити Тоҷикистон қобилияти баланди зимистонгузаронӣ зоҳир намуда, тобовариаш ба хушкӣ миёна аст. Вазни 1000 донааш 40-50 г мебошад. Ба хобидан устувор буда, баландии пояаш то 108-118 см мерасад. Навъи миёнапаз буда, давраи нашъунамояш 205-227 рўз ва маҳсулнокии панҷазанияш баланд аст.
ХУСУСИЯТҲОИ ПАРВАРИШ. Тиритикале ба намӣ эҳтиёҷи калон дорад. Ан из рў онро дар заминҳои лалмии аз бориш таъмин ва обёришаванда парвариш мекунанд. Онро дар заминҳои лалмии тозаю банд пас аз лўбиёгиҳои донӣ, қабати хокгардоншудаи юнучқа, зиро-атҳои байни қаторашон коркардшаванда мекоранд. Усули парвариши тритикале ба гандуми тирамоҳӣ мо-нанд аст.
Тирамоҳ пас аз холӣ шудани қитъаҳо аз зироатҳои пешкишт дарҳол ба воситаи испорҳои пешпочадори ПН-4-35 ё ПЯ-3-35 дар чуқурии 29-30 см якҷоя бо сихмола заминро шудгор мекунанд. Дар сурати зарурият пеш аз шудгор ба қитъаҳо оби захиравӣ мемонанд.
Пеш аз кишт хок бо воситаи олотҳои мухаш-шаркунанда ва чархмолакунанда дар якҷоягии сихмола дар чуқурии 8-10 см коркард карда мешавад. Пас аз зироатҳои пешкиштаи байниқаторашон дар давраи нашъунамо коркардшаванда фақат гузаронидани чарх-мола бо якҷоягии сихмола дар чуқурии 16-18 см кофист. Чунки дар давраи нашъунамои ин пешинакиштаҳо замин ҳангоми гузаронидани коркарди байниқаторӣ аз алафҳои бегона тоза мешавад ва қисми болоии хок нисбатан мулоим мемонад.

пешина
аз 314
навбатӣ