Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
Натиҷаи таҷрибаҳои кафедраи растанипарварии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон оид ба муқоисаи ҳосилнокии зироатҳои ғалладонагии киштҳои тирамоҳӣ ва истифодаи меъёрҳои нуриҳо барои гирифтани ҳосили дилхоҳ дар хоҷагии собиқ «Коммунизм»-и ноҳияи Рўдакӣ (ҷадвали 8) оварда шудаанд. Аз рўи натиҷаҳои дар ҷадвал нишондодашуда маълум мешавад, ки маҳсулнокии навъи шадиди гандуми «Сете- Серрос 66» ва навъи тритикалеи «Баҳодур» тахминан якхелаанд. Аз ин рў масоҳати майдонҳои тритикалеи дони дар ҷумҳурӣ бисёр кам буда, тамоили васеъшавии онҳо назаррас нест.
- Ҳосилнокии дони зироатҳои ғалладонагӣ дар
киштҳои тирамоҳӣ вобаста ба меъёрҳои
ҳисобии нуриҳо (1986-1988), с/га
Меъёри Ҳосили ба Ҳосили Фарқият аз Илова ба нуриҳо, кг нақша ги-ҳақиқӣнақшанақша га, м.т.рифташуда Гандуми «Сете-Серрос-66»
Бе нурӣ (назоратӣ) 200Р140 80 73,0 38,8 -7,0 Тритикалеи «Баҳодур»
Бе нури (назоратӣ) 200Р140 80 72,7 37,5 -7,3
ХУСУСИЯТҲОИ БИОЛОГӢ. Тритикале растании рўзи дароз аст. Ба гармӣ кам эҳтиёҷ дошта бошад ҳам, қобилияти зимистонгузарониаш аз ҷав бартарӣ дошта, нисбат ба гандум зимистонро хуб мегузаронад.
Намудҳои тирамоҳии тритикале дар чуқурии буғумии панҷазанӣ хунукии то 8-200С-ро аз сар мегузаронанд.
Тритикале қобилияти баланди панҷазанӣ дошта, ба намӣ эҳтиёҷи калон дорад. Дараҷаи транспиратсиониаш дар ҳудуди 500 аст. Давомнокии давраи нашъунамояш дар киштҳои тирамоҳӣ вобаста аз мўҳлати кишт, навъ ва ҳолати агротехникӣ 210-230 рўз аст. Намудҳои биологии тирамоҳӣ ва баҳории тритикале рўёнда шудаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё