Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа
ченаки вазн, бо иловаи ченаки имрӯзаи вазн шарҳ медиҳем: Ман ё як сирнимман = 64 санг = 95 кг 87 г; Ниммна = 2 чойрак = 32 санг = 47 кг 93г; чойрак = нимчойрак = 16 санг = 26 кг 96 г; нимчойрак = 2 ним-хурд = 8 санг = 11 кг 98 г; нимхурд = 2 этимак = 4 санг = 5 кг 94 г; этимак = эсирак = 2 санг = 2 кг 97 г; эсирак = 2 ғарибак = 1 санг = 1 кг 49 г; ғарибак = 2 мискинак = 40, мисқол = 187 кг 20 г; мискинак ё ним-ча = 2 мискинак = 20 мисқол = 93,60 г; ним мискинак = 2 нимча = 10 мисқол = 46 кг 80 г; 1 мисқол = 2 пайса = 4,68 грамм мебошад.
Бозори Қаратоғ боиси рӯзафзун гаштани аҳволи иқтисодии мардуми деҳа гашта буд. Котибону ҳунармандон маҳсули дастони худро саривақт ба фурӯш мебароварданд. Мубодилаи мол бо кишварҳои дурдаст, як воситаи иваз кардани мол бо мол буд. Аз дигар тараф, дар як кунҷи бозор, бозори мардикорҳо вуҷуд дошт, ки боиси бо кор таъмин шудани одамон мегашт. Дар бозори обод, садҳо нафар хизмат мекарданду барои пешбурди зиндагиашон ризқ ба даст меоварданд. Мардикорҳо касбу корҳои гуногунро иҷро карда метавонистанд. Харидори мардикор пеш аз ҳама маънии корро ба мардикорён мефаҳмонд. Кадом мардикоре, ки аз ӯҳдаи ҳамон кор мебаромад, қарор баста мешуд.
То заминҷунбии соли 1907 бозори Қаратоғ бо растаҳояш пурра боқӣ монда буд. Ҳангоми заминҷунбии сахт бисёр растаҳо ба замин яксон шуданд. Танҳо 15—20 растаи каппадор аз нав барқарор карда шуду халос. Бозори шаҳри Қаратоғ акнун чун пештара серодам набуд. Садҳо косибону ҳунармандон зери хок монданд. Шумораи косибону ҳунармандон низ кам шуданд. Савдои тиҷорати кишварҳои дурдасти Осиёи Миёна ва Осиёи Марказӣ низ рӯ ба таназзул овард. Ибтидои солҳои 20-уми асри ХХ бошад, тохту този дастаҳои босмачиён, боиси қариб аз байн рафтани бозор гашт. Савдогарони кишварҳои дигар ҷуръати сафари Қаратоғ кардан надоштанд. Худи косибони Қаратоғ бо тарсу ваҳм ба бозорҳои Ҳисору Деҳнав рафтуо мекарданд. Баъди солҳои 1925—26 косибон андаке осудаҳол гаштанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё