Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа
ИНКИШОФИ ИЛМИ ТИБ ДАР ҚАРОТОҒ
Дар ибтидои асри XIX дар бозори Қаротоғ дар растаҳои махсус рустаниҳои шифобахш фурӯхта мешуд. Рустаниҳои шифобахшро гиёҳшиносони маҳаллӣ аз кӯҳу пӯштаҳои деҳаҳои дараи Қаротоғ чида меоварданд.
Дар баробари ин аз Афғонистон, Ҳиндустон, Эрон гиёҳшиносон дар растаҳои бозори Қаротоғ гиёҳҳои шифобахшро аз мамлакати худ ҷамъ оварда мефурӯхтанд.
Харидорон бо фармоиши табибони маҳаллӣ аз растаҳои бозор гиёҳҳои ба дардашон дармонро мехариданд. Дар солҳои 1903—1904 дар Қаротоғ Вильдберг ном олими немис зиндагӣ кардааст. Ӯ ба ҷамъоварии коллексияи ҳашаротҳо машғул буд. Коллексияи ҷамъовардаи худро ба воситаи Бухоро ба Аврупо мефиристод. Пирони солхӯрда дар бораи ин олим бисёр нақлҳо мекунанд. Ӯ баробари ҷамъ намудани коллексияи ҳашаротҳо боз ба ҷамъоварии гиёҳҳои шифобахш машғул буд. Ин олим дар кӯчаи Санги Кабуд (Кӯктош), маҳаллаи Тошқӯргон зиндагӣ мекард. Вильдберг писари беморашро ба ин ҷо барои табобат оварда буд. Баъд аз як сол писари ӯ вафот кард. Соли 1909 баъд аз зилзилаи Қаротоғ яке аз масҷидҳое, ки дар гузари Обдузд, аз зилзила вайрон шуда буд, дар ҷои истиқомати ҳамин олим аз нав барқарор карда шуд.
Дар растаҳои бозори Қаротоғ гиёҳҳои шифобахш нархи муайян надошт. Касе чӣ нархе мегузошт, ба он муносиб доруи шифобахш мехарид. Бисёр вақт гиёҳҳои шифобахшро бо моли дигар низ иваз мекарданд. Мардум бештар ба худтабобаткунӣ машғул буданд.
Дар деҳаи Қаротоғ яке аз табибони маҳаллии шинохта умр ба сар мебурд. Ӯро мардум бо номи Ҳоҷӣ мулло Саид мешинохтанд.
Ҳоҷӣ мулло Саид соли 1857 дар деҳаи Абдуи дараи Қаротоғ дар оилаи соҳибилми самарқандӣ ба дунё омадааст. Ӯ табибиро аз падараш пеша менамояд. Дар синни 19-солагиаш аз падар ятим мемонад. Ҳоҷӣ мулло Саид аллакай дар синни 15-солагӣаш

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё